21:58 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Хайрулло Мирсаидов

Боздошти раҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов

© Sputnik
Таҳқиқ
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Хайрулло Мирсаидов раҳбари дастаи КВН Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ин хабарро капитани дастаи КВН Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.

Раҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсадиов рӯзи 5 декабр боздошт шудааст.

Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ тафтишот аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии додситонии вилоят анҷом дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки раҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов аз рӯи моддаи 245-уми Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз худкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад) айбнома пешниҳод шудааст).

Пештар раиси Комиссияи сиёсати муҳоҷиратии Ҳукумати Маскав Александр Калинин аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кард, ки дастаи КВН-и Тоҷикистонро дастгирии кунад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Хайрулло Мирсаидов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкилиҳои даста нақл кард.

Мавзуъ

Раҳбари дастаи КВН Тоҷикистон дар бораи мушкилиҳо гуфт
Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак мепурсад
Пирӯзӣ: дастаи КВН Тоҷикистон дар Маскав ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт
КВН-и лигаи Помир дар Маскав: аз шӯхиҳо то ҳунарнамоии писари Муборакшо
Барчаспҳо:
боздошт, Хайрулло Мирсаидов, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ