Омӯзгоре дар Бадахшон ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шудааст

© Фото : Аз ВКД ҶТОмӯзгор аз Шуғнон
Омӯзгор аз Шуғнон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгоре дар ноҳияи Шуғнон ба иттиҳоми дуздӣ боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 5-уми январ тахминан соати 22:30 шахсони номаълум бо роҳи шикастани тирезаи хонаи истиқоматии шаҳрванд Қиматшоев Бозича Окимбекович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи деҳаи Миденшори ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, вориди он гардидаву  қулфи ҷевони оҳанинро шикаста 21 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ,аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шуғнон ҳамчун гумонбар дар дуздӣ шаҳрванд Назаралиев Зафар Алишерович, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Миденшори ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнонро дастгир кардаанд", — омадааст дар хабарнома.

Дидори сардори милиса бо фаъолони Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Аз мошинҳои берақам то силсиладуздиҳо: мулоқоти полковник бо фаъолону халифаҳои Хоруғ

Гуфта мешавад, ки Зафар омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии мактаби №44-и деҳаи мазкур мебошад.

ВКД мегӯяд, ки ин омӯзгор дар вақти бозпурсӣ аз тарафи кормандони милитсия дар содир намудани ҷинояти мазкур пурра иқрор гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шудааст.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаву аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Шуғнон тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0