Боздошти соҳибкор барои фурӯши гаҷхоки пастсифат дар Турсунзода

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкоре дар шаҳри Турсунзода ба иттиҳоми фурӯши маҳсулоти пастсифат боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 18 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии вазорати корҳои доъхлии ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҷавони 22-сола бо мақсади ба фурӯш баровардан ва ба даст овардани маблағи пулӣ, дар мағозаи фурӯши маҳсулотҳои сохтмонӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода ба марди 34-солаи сокини деҳаи Туда, ба миқдори 50-адад маҳсулоти сохтмонии "Шпаклёвка", тамғаи "Адинекс МК" ва 10-адад "Родбанд-Элемент" фурӯхтааст.

Ҳамаи ин маҳсулот ба нархи 1500-сомонӣ фурӯхта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки мувофиқи хулосаи ташхиси Институти кимиёвии ба номи "В.И.Никитина"-и Фарҳангистони илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №07/5 аз 15-уми январи соли 2018, маҳсулотҳои сохтмонии мазкур ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соҳибкор, ҳамчун гумонбар дар фиреби истеъмолкунандагон дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гшуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0