05:38 21 августи 2017
Пахши мустақим
Полиция проверяет московский рынок Садовод

Каромат Шарипов: “Садовод” макони тазоҳуроти муҳоҷирон мешавад

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик мӯътақид аст, ки дар яке аз бозорҳои пойтахти Русия истисмори ҳамватанонаш ҷо дорад. Ӯ аз мақомот хостааст, барои ифшои ин ҳолат дар фурӯшгоҳ санҷиш баргузор намоянд.

 

Душанбе, 19 ноя — Sputnik. Бозори “Садовод” имкон дорад макони сар задани тазоҳуроти оммавии муҳоҷирон гардад, омадааст дар номаи раиси ҶМТ Каромат Шарипов унвонии роҳбари ХМФ-и Русия Константин Ромадоновский.

Дар изҳорот, ки рӯзи 18-уми ноябр дар сомонаи ҶМТ нашр шуд, аз номи муҳоҷирон гуфта мешавад, ки дар бозори “Садовод” бештар аз 6 ҳазор тоҷикистонӣ кору фаъолият дорад, ҳамзамон бархе аз онҳо дар шароити сангин ва нақзи ҳуқуқҳои инсонӣ дар фурӯшгоҳ ба сар мебаранд.

Бозори “Садовод” макони “таркиш”-и оммавии муҳоҷирон ва эътирози густурдаи онҳо мешавад. Мисоли рӯшани он ҳаводиси фоҷиавии марбут ба 6-уми сентябр, яъне Ҷашни шаҳр аст, ки дар ҷараёни он чандин нафар муҳоҷирони тоҷик зарар дида, якеи дигар захмдор гардид”,- афзуд Шарипов.

Ӯ мутмаин аст, ки низоми пӯшида (маҳкам)-и бозор барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО ба он рабт дорад, ки дар ин ҷо на ҳамаи муҳоҷирон ба таври қонунӣ кор мекунанд. Шарипов ин андешаро низ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар ин ҷо гурӯҳҳои махсус барои истихдом ва баъдан равон кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба “нуқоти доғ” фаъолият доранд.

Бинобар ин, роҳбари ҶМТ унвонии маъмурияти бозорҳои “Садовод” ва “Люблино”, маркази савдои “Москва” ва додситониву ваколатдори ҳуқуқи инсон (омбудсмен) номаи шикоятӣ ирсол доштааст, аммо ба гуфташ ҳанӯз посухе дарёфт накардааст.

“Аз шумо хоҳиш менамоям, ҷиҳати баргузории санҷиши муштараки ҶМТ ва Хадамоти федералии муҳоҷират  барои муайян кардани далелҳои дар нома нашршуда иҷоза диҳед”,- омадааст дар изҳорот.

Ба иттилои ХФМ-и Русия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия то аввали моҳи ноябр 1 миллиону 105 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад.     

 

Барчаспҳо:
ҶМТ, Москва, муҳоҷирон, Каромат, Ромадоновский, Люблино, Садовод

Мавзӯъҳои асосӣ