05:40 21 августи 2017
Пахши мустақим
Новое здание Калининградского областного суда

Фирори муҳоҷири тоҷик аз “бадарға” тариқи тиреза

© Sputnik / Игорь Зарембо
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷустуҷӯи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки баъди эълони ҳукми иҷборан берун карданаш аз Русия аз бинои додгоҳи ноҳияи Нева фирор кардааст, идома дорад.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон пас аз эълони ҳукмаш дар мавриди иҷборан берун кардан аз Русия аз тирезаи додгоҳ ба берун ҷаҳид, хабар медиҳад сомонаи Фонтанка.

Додгоҳи ноҳияи Неваи Петербург Қиёмиддин Назаровро 5 000 рубл, муодили тақрибан 110 доллар, ҷарима баста, ҳукми иҷборан берун кардани ӯро ҳам содир карда буд. Шаҳрванди ҶТ бояд баъди судури ҳукми додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ бурда мешуд.

Айни замон тавассути расонаҳо нишонаҳои Қиёмиддин Назаров эълон шуда, аз мардум хостаанд, то дар боздошти вай кӯмак кунанд. Матбуоти маҳаллӣ дар такя ба иттилои РКД-и ВУД-и  Русия дар Петербург менависад, Назаров қаблан барои дуздӣ ва ғоратгарӣ дар Маскав маҳкум ба зиндон шудааст.  

Ин мавриди нахустини фирори муҳоҷирон аз додгоҳҳои Петербург нест. Моҳи майи соли 2013 як муҳоҷири 52-сола аз Ӯзбакистон, ки низ ба ихроҷи иҷборӣ аз қаламрави Русия маҳкум шуда буд, х аз тирезаи додгоҳи ноҳияи Маскави Петербург худро ба берун андохт ва ҳалок шуд.

 

 

Барчаспҳо:
иҷборан, Русия, Нева, бадарға, Тоҷикистон, муҳоҷир

Мавзӯъҳои асосӣ