00:22 18 августи 2017
Пахши мустақим
Муҳоҷирони корие, ки аснои рейд аз ҷониби ХФМ боздошт шудаанд. Акс аз бойгонӣ

Иҷозаи вуруди такрорӣ ба ФР ба беш аз 300 шаҳрванди ҶТ дода шудааст

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Дар арафаи таҷлил аз иди Наврӯз мақомоти муҳоҷирати Русия ба 11 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави он кишварро доданд, аз аввали сол бошад теъдоди онҳо ба 300 нафар расид.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Аз аввали сол то имрӯз беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вуруди онҳо ба қаламрави Русия мамнӯъ шуда буд,  иҷозаи дубораи сафар ба он кишварро пайдо карданд, менависад сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Маскав ба 148 донишҷӯ ва 158 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар Русия хонавода доранд, ё бемореро парасторӣ мекунанд ва ё соҳибмулк ҳастанд, иҷозаи вуруди дубораро дод.

"Дар арафаи таҷлили Наврӯз 11 ҳамватани мо иҷозаи сафар ба Русияро дубора пайдо карданд",-  қайд кард Дӯстмурод Умаров, масъули бахши Раёсати муҳоҷирати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар айни ҳол комиссиюни муштараке иборат аз кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия созмон ёфта, масъалаи марбут ба ин мушкил- расидагӣ ба сабабҳои ихроҷи муҳоҷиронро матраҳ мекунад.

Тибқи иттилои ХФМ Русия то 1 январи соли 2015 дар маҷмӯъ беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қавоиди будубош аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ФР маҳрум гардидаанд.

Мавзуъ

ХФМ: дар ним сол теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ 2 баробар камтар шуд
Барчаспҳо:
иҷозаи такрории вуруд ба қаламрави Русия, донишҷӯён, иҷозаи вуруд, муҳоҷират, муҳоҷирон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, ХФМ, Дӯстмурод Умаров, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ