02:09 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҷамъоварии ҳосили картошка. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони кишоварзро метавонанд аз санҷишот озод кунанд

© Sputnik / Виталий Аньков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Вакилони маҷлисҳои баъзе аз манотиқи Русия тарҳи тағйирот ба қонуни муҳоҷират дар бахши марбут ба шароити ҷалби коргарони хориҷӣ ба умури кишоварзиро пешниҳод карданд.

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирони дар умури кишоварзӣ машғулбуда аз супоридани санҷиши забони русӣ, таърих ва ҳуқуқ озод карда шаванд, менависад хабаргузории "Ховар".

Ин тарҳи қонун то авохири моҳи апрел ба баррасии Думои ФР пешниҳод мешавад, омадааст дар хабар. Тибқи ин ислоҳот, муҳоҷироне, ки меваҷот ҷамъоварӣ мекунанду картошка ва бодиринг кишт мекунанд, аз зарурати супоридани санҷишот озод мешаванд.

"Наҳваи супоридани санҷишот ва дарёфти иҷоза барои кор вақти зиёдеро талаб мекунад ва ба ин далел дар манотиқ камбуди нерӯи корӣ эҳсос мешавад, ки ба талафи ҳосил мунҷар хоҳад шуд", — зикр кард Вячеслав Астанков, раиси комитети қонунгузорӣ, амният ва ҳуқуқи инсони думои вилояти Воронеж.

Қаблан вакилони думои вилояти Астрахан ба нахуствазири ФР Дмитрий Медведев муроҷиъат ва хоҳиш карданд, ки мизони кормандони хориҷӣ, ки ба зироъатпарварӣ ҷалб мешаванд, то 80% аз теъдоди умумии кормандони ин ниҳодҳо афзоиш дода шавад.

Вакилон пешбинӣ мекунанд, ки мизони муқаррашудаи 50% имкон намедиҳад, ки умури кишоварзӣ аз моҳи май то октябр сареъ анҷом дода шавад ва ба ин далел дастури ҳукумат барои ҷойгузин кардани воридоти хориҷӣ бар пояи афзоиши тавлидоти дохилии кишоварзӣ ғайримумкин мешавад.

Ислоҳот ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки мутахассисони варзида аз супоридани санҷишот озод карда шаванд — ба унвони мисол, кормандони илмӣ, мутахассисоне, ки дар умури фанниву роҳандозии манотиқи вижаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ба ин феҳраст мутахассисони ҳунарӣ — коргардонҳо, ба саҳна гузорандаҳо, балейтместерҳо, дирижерҳо ва ғайра шомиланд.

Мавзуъ

Нигаронии маскавиҳо аз муҳоҷират, ҷиноёти қавмӣ ва кисабурон
Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд
Барчаспҳо:
эҳтимоли лағви супоридани санҷиш барои муҳоҷирони кишоварз, думои вилояти Воронеж, Вячеслав Астанков, Дмитрий Медведев, Воронеж, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ