06:29 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Муҳоҷирон дар сохтмон. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирон беш аз як миллион рубли русии қарзҳои худро дарёфт карданд

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Муҳоҷирони корӣ, ки корфармоёнашон ба ҳар гуна далел додани маоши онҳоро ба дарозо мекашиданд, тавонистанд баъд аз мудохилаи кормандони намояндагии вазорати меҳнати кишвар дар Русия, онро дарёфт кунанд.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнати ҶТ дар ФР ба бозпас додани як миллиону 100 ҳазор рубли маоши қарзӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик муваффақ шудааст, хабар медиҳад маркази матбӯъотии намояндагӣ.

Ба намояндагии вазорати меҳнати ҶТ дар Русия аз номи сохтмончиёни тоҷик муҳоҷири кории 22 сола Раҷабалӣ Қосимов аз вилояти Хатлон муроҷиъа кард.

Ба гуфтаи Қосимов, ин гурӯҳи муҳоҷирон аз моҳи июл то моҳи декабри соли 2014 барои ширкати "Викос" миқдори муъайяни корҳои сохтмониро анҷом дода, вале раҳбарияти ширкати сохтмонӣ ба далоили мухталин пардохти маошро ба дарозо мекашид.

Дар пайи музокироти корманди намояндагӣ бо раҳбарияти ин ширкат ба муҳоҷирон 650 ҳазор рубли қарзӣ пардохт карда шуд.

Ҳамчунин бо мусоъидати корманди намояндагӣ зодагони ноҳияи Нуробод Маҳмадалӣ Сангов ва Муродалӣ Сафаров, ки барои ширкати "Строй-Сервис" кор мекарданд, тавонистанд мутаносибан 172 ҳазор ва 118 ҳазор қарзҳои маоши худро бозпас бигиранд.

Ба ҷуз аз ин ба чаҳор нафар муҳоҷирони корӣ, ки дар муъассисоти мухталифи шаҳри Екатеринбург фаъолият мекарданд, дар маҷмӯъ беш аз 160 ҳазор рубл қарзҳояшон бозпас дода шуд.

Мавзуъ

Оҷонсӣ: муҳоҷирон бо дастмузди кам дар ватан кор кардан намехоҳанд
Нахуствазири Тоҷикистон барои ҳалли масоили муҳоҷирон ба Маскав рафт
Назарсанҷӣ: 27% сокинони Русияро муҳоҷирон нороҳат намекунанд
Муҳоҷирон аз сафири Тоҷикистон дар Русия дархости кӯмак карданд
Аз оғози сол ба муҳоҷирон беш аз 2 миллион рублро баргардониданд
Барчаспҳо:
бозпас додани қарзҳои маоши муҳоҷирони тоҷик, Намояндагии вазорати меҳнати ҶТ дар ФР, Муродалӣ Сафаров, Маҳмадалӣ Сангов, Раҷабалӣ Қосимов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ