Коршинос: бимаи тиббӣ бо нархи 10 ҳазор рубл барои муҳоҷир ҷабр аст

Обуна шудан
Ба гуфти роҳбари Бунёди рушди муносибатҳои байналмиллалии "Добрососедство" Юрий Московский, бо сабаби манъи вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русия бидуни бимаи тиббӣ, муҳоҷирон аз сафар худдорӣ мекунанд, ё ба “соя” мераванд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Федератсияи Русия дар барои вуруди муҳоҷирон бидуни бимаи тиббӣ, ки ба гуфтаи бимакунандагон на кам аз 10 ҳазор рубли русӣ нарх дорад, пешниҳод кард. Тағйиру иловаҳоро ба қонун "Дар бораи тартиби баромадан аз ФР ва вуруд ба Русия" мақомот ба муҳокимаи умумӣ вогузошт. Дар сурати қабули қонун миллионҳо шаҳрвандони хориҷӣ зарар хоҳанд дид, иттилоъ медиҳад Sputnik Ӯзбакистон.

Шаҳрвандони хориҷӣ барои сабти аснод навбат гирифтаанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои муҳоҷирони Қирғизистон гирифтани патентро осон кард

Маблағи суғурта бояд 2 миллион рубли русиро ташкил диҳад ва кафолати таъмини ёрии тиббиро дар ҳолатҳои оҷилӣ бидиҳад. Тибқи қонунгузории Федератсияи Русия, муҳоҷирон дар айни замон бояд суғуртаи тиббӣ дошта бошанд, вале маблағу мӯҳлати он муайян карда намешавад. Зиёда аз ин суғуртаи тиббӣ яке аз шартҳои гирифтани патент ба шумор рафта, нархи миёнаи он 5,5 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Сарвари Бунёди рушди муносибатҳои байналмиллалии "Добрососедство" Юрий Московский ба Sputnik изҳор дошт, ки чунин тадбирҳо ба  мушкилоти бузург оварда мерасонад, зеро аён аст "муҳоҷироне, ки 20 ҳазор рубл музд мегиранд наметавонанд бо маблағи 10 ҳазор рубл суғурта харидорӣ кунанд".

"Меъёри оқилона ҳамеша вуҷуд дорад. Ин мардумро маҷбур месозад, то аз сафар ба Русия худдорӣ намояд ё ба "соя" раванд",-қайд кард коршинос.

Ба қавли оқои Московский чунин тадбирҳо бо мақсади пур кардани буҷаи давлат "аз ҳисоби аҳолии нодор" ва ҳамчунин камии маоши шаҳрвандон дар Русия  пинҳон аст.

"Ин бештар аз истисмор аст, ба назари ман ин нодуруст аст ",-гуфт ӯ.

Ҷаноби коршинос эътимод дорад, ки ҳамаи муҳоҷирон суғуртаи тиббӣ доранд, чунки барои гирифтани патент ва иҷозатномаи кор бима яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарин шумурда мешавад, вале муҳоҷирон суғуртаи тиббиро кам  истифода мебаранд.

Дар Маскав пешниҳод карданд, ки наҳваи бимаи муҳоҷирон иваз шавад

"Қисми асосии суғурта (ёрии таъҷилӣ) фаъол аст, аммо онҳо дар ин роҳ ба русҳо- монанданд ба духтурон хеле кам муроҷиат менамоянд. Аз сабаби кори зиёдашон то лаҳзаи охир тоқат мекунанд. Айни замон маълум нест дар қиболи кадом табақаи аҳолӣ қонуни мазкур паҳн мешавад",-илова кард Московский.

Сели асосии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ аз Узбакистон аст. Мувофиқи маълумоти ХФМ то 4 марти соли 2016, аз Қирғизистон дар ФР 348 ҳазор нафар, аз Тоҷикистон- 863 ҳазор, аз Қазоқистон- 625 ҳазор, аз Туркманистон- 24 ҳазор ва аз Узбакистон- 1,7 миллион муҳоҷир дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бимаи тиббӣ бо нархи 10 ҳазор рубл барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ хеле гарон аст.

Лентаи хабарҳо
0