00:59 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
ХФМ-и Русия. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷиронро дар шоҳроҳҳои Маскав месанҷанд. Бо дактилоскоп

© Sputnik / Александр Уткин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Гурӯҳҳои назоратии Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) барои тафтиши муҳоҷирон аз дастгоҳи дактилоскопӣ ва нақлиёти бо таҷҳизотҳои махсус ҷиҳозонидашуда истифода хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Кормандони Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ (ХФМ) дар шоҳроҳҳои нақлиётӣ ва махсусан дар нуқтаҳои серодами истгоҳҳои метро ва минтақаҳои назди Маскав гурӯҳҳои назоратӣ ташкил медиҳанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии ин ниҳод.

Дар баробари ин кормандони хадамот барои тафтиш ва назорат аз нақлиёти бо таҷҳизоти махсус ҷиҳозонидашуда ба гунаи дастгоҳҳои мобилӣ истифода хоҳанд кард.

Нақлиёти мазкур имкон медиҳад, то маълумоти пурра дар бораи шаҳрванди хориҷӣ ва махсусан ҳузури қонунии ӯ дар қаламрави Русия аз рӯи махзани ХФМ тафтиш карда шавад.

Ҳамчунин нақлиёт бо дастгоҳи дактилоскопӣ ҷиҳозонида мешавад.

"Масъалаи асосӣ, ки ХФМ дар назди гурӯҳи назоратӣ гузоштааст-ин фаҳмонидани меъёрҳои қонунгузории Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз қонунвайронкунӣ мебошад. Дар ҷараёни тафтиш ва чорабиниҳои назоратӣ муҳоҷирон имкон пайдо мекунанд ба саволҳои худ масалан, дар бораи гирифтани патент дар хадамотҳои муҳоҷиратии  Маскав ва вилоятҳо, аз "дасти аввал"  ҷавоб гиранд", —мегӯянд дар хадамот.

Мавзуъ

Раҳбари ХФМ: Русия феълан ба афви муҳоҷиратӣ ниёз надорад
Барчаспҳо:
аснод, санадгузорӣ, дактилоскоп, тафтиш, санҷиш, муҳоҷирон, Хадамоти федералии муҳоҷират, ХФМ, Назди Маскав, вилояти Маскав, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ