Ин шӯхӣ нест: дар Петербург муҳоҷиронро аз мусофиркаш "пеш" мекунанд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон дар маркази воҳиди муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон дар маркази воҳиди муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси қонунбарори Санкт-Петербург рӯзи 27 апрел тарҳи қонун “Дар бораи хидмати шаҳрвандӣ-иҷтимоӣ дар ФР”-ро ба баррасӣ мегиранд. Дар сурати тасвиби ин санад дар шаҳри соҳили Нева муҳоҷирон дигар наметавонанд мураббия, ронандаи мусофиркаш ва кӯчаруб шуда кор кунанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Вакилони Маҷлиси Санкт-Петербург ҳафтаи оянда масъалаи марбут ба муҳоҷиронро муҳокима карданианд.

Намояндаи парлумони минтақа Андрей Анохин пешниҳод мекунад, ки ба муҳоҷирон дар чанд соҳа иҷозаи кор надиҳанд. Ҳамин тавр имкон дорад, баъди чанде миёни мураббияҳо, ҳавлирӯбу фаррошҳо ва ронандагони такси муҳоҷиронро дигар набинем.

Такси. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пулиси Маскав: таксирони дастгиршуда шаҳрванди Тоҷикистон аст

Ба қавли ӯ, дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ беҳтар аст барои русиягиҳо ҷойи кор созмон бидиҳанд, на барои омадаҳо аз хориҷа.

"Бовар кунед, ҳоло муҳоҷирон дар ҳама ҷо ҳастанд, ба кор қабул кардани онҳо барои кордиҳанда манфиатовар аст, яъне андоз намесупоранд. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони мо ҷои кор пайдо карда наметавонанд, ин вазъро дигар бояд кард",- иброз дошт муаллифи қонун Андрей Анохин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ мӯътақид аст, ки ҳаводиси Брюссел бори дигар нишон доданд, ки муҳоҷират як раванди танзимнашаванда ва берун аз назорат аст. Анохин меафзояд, онҳо (муҳоҷирон- шарҳ аз идора) дунёи худро доранд, минтақаи пӯшидаи худро барои зист созмон медиҳанд, забони русиро намеомӯзанд, ба фарҳанги русӣ арҷ намегузоранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиноси маъруф Виктор Травин, роҳбари коллегия адвокатҳои "Ҳимояи ҳуқуқии соҳибони нақлиёт" (Правовой защиты автовладельцев) аз ин ибтикори вакили мардумӣ ба "ҳайрат" афтодааст.

"Вай ба назарам то ҳанӯз намедонад, ки тибқи кодекси "Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" ва қонун "Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ" дар сари чанбараки мусофиркаш будани муҳоҷиронро манъ карда шудааст",- илова кард коршинос.

Бахши навбатдорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пулиси Санкт-Петербург: дар марги Умари 5-моҳа гунаҳкор нестем

Аммо оқои Анохин бо мавқеъи ҳуқуқшинос мухолиф аст ва рӯйи пешниҳоди худ пофишорӣ мекунад.

"Ҳама хуб медонанд, ки муҳоҷирон мадрак (права)-и ронандагии русӣ мегиранд ва пушти чанбари мошин мешинанд. Аммо ман боз як бори дигар такрор мекунам, гап сари ин нест, дар ҳар ҳолат бояд шаҳрвандони Русия бо ҷои кор таъмин шаванд, на муҳоҷирон",- қайд кард вакили Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург.

Ба маълумоти ӯ, дар ҳоли ҳозир дар Петербург наздики 600 ҳазор ва дар Маскав қариб 2 миллион муҳоҷир кору фаъолият доранд.

Агар вакилони маҷлиси пойтахти шимолии ФР ин пешниҳодро қабул кунанд, баъди чанде он барои баррасӣ ва тасвиб ба Думаи давлатӣ ироа мегардад. 

Лентаи хабарҳо
0