20:49 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Корманди полис. Акс аз бойгонӣ

Қисми зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгир шуданд

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Пештар хабар дода шуда буд, ки полиси Маскав ба реҷаи 12 соата гузаштааст, то ҷинояткоронро дар кӯчаҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва хонаҳои ба иҷорагирифташуда дастгир намояд. Ҳамин тавр 7 нафар муҳоҷирони дастгир шуданд, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди ФР будубош мекарданд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар чорчӯбаи гузаронидани амалиёт ба шуъбаи полиси ноҳияи Хорошево-Мневникии шимолу ғарбии Маскав зиёда аз садҳо муҳоҷирон оварда шуданд, хабар медиҳад  ВКД Москав.

"Дар рафти чорабинии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ошкор намудани ҷинояҳои  содиршуда, ба ШКД ноҳиявӣ 113 шаҳрвандони хориҷӣ оварда шуданд", —омадааст дар хабар.

Мувофиқи маълумотҳои пулис ба 7 нафари онҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд, ки онҳо ғайриқонунӣ дар ҳудуди ФР будубош мекарданд.Барои берун намудани муҳоҷирони ғайриқонуни аз ҳудуди ФР парвандаҳо ба додгоҳ равон карда шудааст.

"Сиву ду маводҳои маъмурӣ мувофиқи моддаи 19.15 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии "Иқомати шаҳрвандони Русия бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд" тартиб дода шудааст",-  илова намуданд дар полис.

Пештар хабар дода шуда буд, ки пулиси Маскав ба реҷаи кори 12 соата гузаштааст, то дар кӯчаҳои шаҳр, бозорҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва хонаҳои иҷоранишин, ҷинояткориҳоро пешгирӣ намояд.

Мавзуъ

Имкони ворид шудани тағйирот дар сиёсати муҳоҷират вуҷуд дорад
Барчаспҳо:
ВКД, Москав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ