13:45 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Муҳоҷирони Русия. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз лиҳози шумораи муҳоҷирон дар Русия дуввум аст

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
4110

Дар умум аз аввали сол ба пойтахт қариб 1 млн. 370 ҳзр. хориҷиён омадаанд, ки 17% онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.Шаҳрвандони Тоҷикистон 17% хориҷиёни кишвари Русияро ташкил медиҳанд, ки дар  ҳудуди Русия кор ва фаъолият мекунанд, хабар дод дар нишасти матбуоти муовини мудири хадамот оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Дмитрий Сергиенко.

Пештар ӯ қайд намуда буд, ки дар умум дар пойтахт аз аввали сол қариб 1 млн нафар хориҷиён  кор ва зиндагӣ мекунанд. Чуноне ки дар хадамоти матбуоти муассиса муайян карда шудааст,  шумораи муҳоҷирон 1 миллиону 370 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

"Бештар аз 80% меҳмонони пойтахт  бидуни низоми раводид ба кишвар дохил мешаванд. Дар байни онҳо шаҳрвандони Ӯзбакистон 20%, шаҳрвандони Тоҷикистон 17%, Қирғизистон 15%, Украина 14% ва Белорус 11% мебошанд",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Сергиенко, дар байни хориҷиёне, ки ба Маскав тариқи раводид дохил мешаванд қисми зиёдашонро  шаҳрвандони Чин — 20% ташкил медиҳавнд, туркҳо 5%, шаҳрвандони Ветнам 5% ва олмониҳо қариб 4 % мебошанд.

Мувофиқи маълумоти полис қариб 70%-и хориҷиён бо мақсади кор ба пойтахт меоянд. Хориҷиёне, ки ба мақсади саёҳат озими Маскав мешаванд, танҳо 14%- ро ташкил медиҳанд. Донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвар — 2,5 % мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ имсол барои пайдо намудани ҷойи корӣ ба Русия 301 ҳзр. шаҳрвандони Тоҷикистон рӯ овардаанд. Сафари муҳоҷирон дар муқоиса бо ҳамин вақти соли гузашта,  ба 28 ҳзр. кам шудааст.

Барчаспҳо:
шумораи зиёд, тоҷикон, муҳоҷирон, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ