18:44 22 октябри 2017
Пахши мустақим
Шиносномаи русӣ. Акс аз бойгонӣ

Вилояти Тамбови ФР шаҳрвандони Тоҷикистонро барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

© Sputnik / Алексей Куденко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
20010

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо корбарони барномаи “Расонидани кумак барои кӯчидан ба вилояти Тамбов барои ҳамватанони бурунмарзӣ”, тариқи видеомост сӯҳбат карданд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тоҷиконе, ки хоҳиши кӯчидан ба вилотяи Тамбов доранд, бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд, хабар медиҳанд дар мақомоти иҷроияи вилотяи Тамбов.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо корбарони барномаи "Расонидани кумак барои кӯчидан ба вилояти Тамбов барои ҳамватанони бурунмарзӣ", тариқи видеомост сӯҳбат карданд. Мулоқот дар намояндагии вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Тамбов сурат гирифт.

Намояндагони мақомот иштирокчиёни сӯҳбатро бо барномаи кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ шинос намуда ба онҳо дар бораи шароити буду бош ва вазъи иқтисодии вилоят маълумот доданд.

"Иштирокчиён тавонистанд ба ҳамаи саволҳои худ доир ба кӯчидан ба вилоят посух гиранд. Ҳамватанони бурунмарзӣ ба масъалаҳои вазъи иқтисодии вилоят, таъмин шудан бо ҷои кор ва дигар мушкилот диққати махсус зоҳир намуданд",-қайд мегардад дар иттилоия.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар вилоят ва махсусан дар қишлоқҷойҳо норасоии духтурон баръало ҳис мешавад. Ҳамчунин дар вилоят соҳаи хоҷагии қишлоқ рушд карда истодааст.

Гуфта шуд, ки аз аввали роҳандозӣ шудани барномаи кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба вилояти Тамбов омадааст. Имсол 1600 нафар ба вилояти Тамбов кӯч бастааст.

Бештар, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Украина ва Молдова хостори зиндагӣ дар вилоят шудаанд.

Аксари онҳо ноҳияҳои  зеринро интихоб мекунанд: Тамбовский, Мичуринский ва Сосновский. Дар ноҳияи Тамбов зиёда аз 2000 нафар ба сар мебаранд. Зиёда аз 80%-и онҳо бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

Вилояти Тамбов субъекти Федератсияи Русия буда, маркази маъмурии он-шаҳри Тамбов мебошад.

Мавзуъ

Вазорати меҳнати ҶТ як шаҳрванди тоҷикро аз депорт халос кард
Вазорати меҳнати ҶТ 1,5 млн рубл маоши муҳоҷиронро гирифта дод
Танҳо як бор: муҳоҷиронро дар Русия барои гуноҳи аввал мебахшанд
Барчаспҳо:
гирифтани иҷозаи иҷомат ва шаҳрвандӣ, барномаи дастгирии кӯчидани ихтиёрӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ФР, Тамбов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ