08:54 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Трудовые мигранты, архивное фото

Аз муҳоҷир то аъзои ДИ: кӣ зодагони Осиёи Марказиро ба террорист табдил медиҳад

© Sputnik / Павел Лисицын
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
4510

Канда шудани умеди муҳоҷирон барои дар муддати кӯтоҳ ба даст овардани пули зиёд ва баргаштан ба ватан, онҳоро тӯъмаи таблиғгарони Давлати Исломӣ месозад

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ дар аксар маврид зери таъсири гурӯҳҳои радикалӣ-Давлати Исломӣ  қарор мегиранд. Чанде пеш ФСБ-и Русия дар бораи боздошт шудани даҳҳо зодагони Осиёи Марказӣ, ки якеашон шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, хабар дод.

Ба гуфти генерал-лейтенанти ФР Александр Гуров мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зимни боздошти аъзоёни Давлати Исломӣ корро бо касбияти баланд анҷом доданд.

"Онҳо дуруст кор мебаранд, маълумотро дарёфт карда, гунаҳкоронро боздошт намуданд. Ба таври пурра решакан кардани чунин ҳодисаҳо амри маҳол аст. Барои кам кардани чунин ҳодисаҳо бошад, бояд ҳамеша бо кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ алоқаи зичро ба роҳ монд",-мегӯяд бо боварӣ коршинос.

Сабаби зуд ба гурӯҳҳои радикалӣ пайвастани муҳоҷиронро Sputnik Тоҷикистон аз коршинос, роҳбари маркази "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷураева пурсид.

Хафагӣ аз корчалон

Ба гуфти коршинос ҳатто хафагии муҳоҷироне, ки дар кофтукови роҳҳои дигари кор кардани пул ҳастанд,  нисбати он шаҳрвандони хориҷие, ки ба коми фиреб афтодаанд, арзише надорад.

"Фақат як мушкилӣ дар Руся боқӣ мондааст. Набояд чунин шавад, ки як моҳ ё як ҳафта бемузд хизмат расонанд. Он вақт шахс хашмгин мешавад: ҳуқуқи ӯ поймол мегардад, мақсади ӯ амалӣ намешавад. Дар чунин лаҳза ӯ ба ёд меорад, ки худӣ набуда, бегона аст.  Ва замоне, ки ӯ ин чизро ба ёд меорад, дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави пулкоркунӣ ва беҳбудӣ мешавад. Муттассифона ҳар дуи сабаб ҳам боиси миссионер шудани муҳоҷирон мегардад",-шарҳ дод ӯ.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия бо мақсади таъмини субот ва поймол нашудани ҳуқуқи муҳоҷирон ва аз байн бурдани мушкилоти муҳоҷират Хадамоти муҳоҷират таҳти назорати ВКД қарор дорад. Ба гуфти Ҷураева агар ба ин ниҳод ҳомиёни созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ фаъолона ҳамроҳ шаванд, ҳолатҳои манфӣ оид ба муҳоҷират камтар мешаванд.

"Чӣ қадар ки ҷанг бо Давлати Исломӣ зиёд шавад, ҳамон қадар муҳоҷирони хашмгин низ нисбати шароити номусоиди буду бош дар Русия метавонанд як девори зиддият бунёд созанд. Чун қоида онҳо танҳо ду ангезанда доранд-ақида ё пул",-гуфт  Ҷураева.

Ҳангоме, ки музди меҳнати муҳоҷир  пардохт намешавад, умедҳои ӯ оиди кор кардан ва таъмин намудани оилаи худ  ва зудтар ба ватан баргаштан канда мешаванд, фаҳмонд Ҷураева. Маҳз ҳамин сабаб онҳоро барои гаравидан ба Давлати Исломӣ водор месозад.

"Мақсади онҳо на гирифтани интиқом, балки пайдо кардани сарчашмаи дигари пулкоркунӣ, ки барояшон идеологияи баробарӣ ва ягонагиро фароҳам оварда, аз корчалонони фиребгар бо ин фарқ кунад, мебошад",-гуфт ӯ.

 Полоиши иловагӣ

Ба қавли коршинос мақомоти Русия бояд низоми сеқабатаи полоишро нисбати муҳоҷирон истифода барад. Дар навбати аввал марказҳои бисерфунксионалӣ ба низоми полоишӣ ниёз дорад, барномае, ки гунаҳкорони эҳтимолиро муайян намояд. Чунин марказҳо аллакай мушкилоти бузургро оиди қонунӣ кардани муҳоҷирон аз байн бурданд.

"Мушкилоти дуюм ин пардохт накардани музди меҳнати муҳоҷирон аз ҷониби корчалонон мебошад. Ва нафаре, ки бекор аст, бояд таҳти полоиши сеюм қарор дошта бошад. Муносибати ҷудогона ба ҷараёни муҳоҷират имкон медиҳад, ки ҳам қувваи корӣ истифода шавад ва ҳар шаҳрвандони Русия дар амният ба сар баранд",-бовар дорад Ҷураева.

Ба гуфти ӯ Русия бояд барои муҳоҷирон дар навбати аввал корчаллонони боадолат ва ростқавл, ки  ақидаи бо меъёрҳои мутамаддин ва ҳифзи арзишҳои миллиро дошта бошанд, пешниҳод намояд.

Генерал-лейтенанти ФР Александр Гуров ҳамчунин қайд менамояд, ки ба Русия лозим аст, то низоми идоракуниро пурзӯр ва дар борабари ин ба ҷорӣ кардани низоми раводид бо Тоҷикистону Узбакистон роҳ надиҳад.

"Набояд барои даҳ бист нафар, бо киварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳоро вайрон кард. Бояд корҳои фаврӣ дар дохили мамлакатҳо ҷоннок карда шаванд. Ва дар Русия низ ҳамаи муҳоҷирон бояд таҳти назорат бошанд, ҳатто онҳое, ки инсони боадолат ҳастанд",-изҳор дошт Александр Гуров.

Барчаспҳо:
муҳоҷират, Давлати Исломӣ, Хадамоти муҳоҷирати Русия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ