09:30 25 феврали 2017
Пахши мустақим
Муҳоҷирон ҳангоми кор дар сохтмон. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони тоҷик ва узбек 1 миллион музди меҳнати худро баргардониданд

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Гурӯҳи муҳоҷирон иборат аз 9 нафар дар Маскав дар сохтмони бино кор мекарданд. Моҳи октябри соли 2015 бо пардохти музди меҳнат мушкилиҳо сар зад: аввал онро кам медоданд ва шурӯъ аз соли 2016 тамоман пардохт намекарданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Муҳочирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон аз ташкилоти сохтмонии Русия 1 миллион рубл-музди меҳнати худро тариқи додгоҳ баргардониданд, хабар медиҳад кумитаи кумаки шаҳрвандӣ дар торномаи расмии худ.

Гурӯҳи муҳоҷирон иборат аз 9 нафар дар ширкати  "СК Инвест Строй"  дар сохтмони манзили зист дар маркази шаҳри маскав, истгоҳи метрои Фрунзенская  кор мекарданд. Ҳамаи коргарон тариқи шартномаи расмӣ ба кор қабул карда шуданд.

Аз моҳи октябри соли 2015 бо пардохти музди меҳнат мушкилӣ сар зад: аввал онро кам медоданд ва шурӯъ аз соли 2016 тамоман музди меҳнатро пардохт намекарданд. Роҳбарияти ширкат сабаби пардохт накардани музди меҳнатро надоштани маблағи зарурӣ гуфт. Баъд муҳоҷирон ба кумитаи "Кӯмаки шаҳрвандӣ", ки ба расонидани кумак ба муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ машғул аст, муроҷиат карданд.

"Муҳоҷирон зери қарз монданд, онҳо барои таъмини хӯрок, пӯшок ва пардохти пули манзили зист маблағ надоштанд. Яке аз корагарон изҳор дошт, ки ҳафтаи охир танҳо нон истеъмол мекард",-гуфт яке аз роҳбарони лоиҳаи кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ Варвара Третяк.

Додгоҳи ноҳияи Маскав пурра изҳороти муҳоҷиронро қабул карда, ширкатро ӯҳдадор намуд, то ба муҳоҷирон натанҳо музди меҳнат балки барои зазари маънави ҷубронро низ пардохт кунад. Ҳаҷми умумии маблағ 1024 рубли русиро ташкил дод.

Ба гуфти Третяк додгоҳ муҳоҷиронро ҳамчун "қурбониёни шакли муосири ғуломӣ" эътироф кард. Ба муҳоҷирон ҳамчунин кӯмаки гуманитарӣ карда шуд, аз ҷумла пули патенти онҳоро пардохт намуданд, то муҳоҷирон дар қаламрави Русия тавонанд расман кор ва зинадгӣ кунанд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти федералии амният дар нимсолаи аввал дар Русия: 878 536 шаҳрвандони Тоҷикистон, 547 194 шаҳрвандони Қирғизистон ва 1 миллиону 756 шаҳрвандони Узбакистон фаъолият мекунанд.

Мавзуъ

Бо ёрии вазорати меҳнат 2,5 миллион рубли музди муҳоҷирон баргардонида шуд
Вазорати меҳнат барои баргаштани оилаи тоҷик ба ватан кумак кард
Барчаспҳо:
пардохти патент, 1 миллион рубли русӣ, музди меҳнат, додгоҳ, ҷуброни зарари маънавӣ, муҳоҷират, Варвара Третяк, Русия