19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Муҳоҷирони меҳнатӣ, акс аз бойгонӣ

Шӯрои ҳуқуқи инсон бо Путин масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
810

Пеш аз ҳама ба нақша гирифта шудааст, ки ба масъалаи бозгашти муҳоҷирони Русия баррасӣ гардад, қайд намуд роҳбари Шӯро Михаил Федотов. Ғайр аз ин Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон мехоҳад, ки якчанд мушкилиҳои экологиро баррасӣ кунад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони(ШҲИ) назди президенти Русия мақсад дорад, ки ба Путин ду маърӯза пешниҳод кунад.

Ба гуфтаи раиси ШҲИ Михаил Федотов, вохӯрии анъанавии президент бо аъзоёни ШҲИ  ба нақша гирифта шудааст, ки моҳи декабр гузаронида мешавад, аммо санаи аниқи чорабинӣ муайян карда нашудааст. НАМОЯНДАГОНИ  ШҲИ маҷлис барпо намуда, дар он ба президенти Русия саволҳои худро тайёр намуданд.

"Санаи вохӯрӣ то ҳол муайян карда нашудааст. Мо мехоҳем, ки он санаи 10-уми декабр баргузор шавад. Зеро ин сана ҳамчун Рӯзи байналхалқии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Мо ду маърӯза тайёр намудем, ки яке аз он вобаста ба экология мебошад",- хабар дод ба РИА Новости Федотов.

Маърӯзаи дигари Шӯро оиди мушкилиҳои муҳоҷират ва пеш аз ҳама баргадонидани муҳоҷирони Русия мебошад, қайд намуд ҳамсуҳбати оҷонсӣ.

Барчаспҳо:
Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ