00:59 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Асбоби дактилоскопии дар маркази раводидгирӣ Pony Express дар Маскав

Аз соли 2017 дар ФР изи ангушти тамоми хориҷиёнро мегиранд

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

ВКД Русия ба нақша гирифтааст, ки ин масъаларо бо идораҳои дахлдои ИДМ ва ВКХ муҳокима мекунад, хабар медиҳад муовини вазири ВКД Александр Горовой

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.ВКД Русия ба нақша гирифтааст, ки соли оянда ҷараёни  дактиласкопиро нисбати хориҷиёни ба Русия воридшаванда оғоз мекунад.

"Соли оянда мехоҳем аз ҳамаи сокинони хориҷӣ, ки ба Русия меоянд изи ангушт гирем",- гуфт муовини вазири ВКД Александр Горовой  дар Шӯрои Федератсия.

Ба гуфтаи вай ВКД ба нақша гирифтааст, ки ин масъаларо бо муассисаҳои дахлдори ИДМ ва ВКХ муҳокима кунад.

Пештар собиқ роҳбари ФМС ФР Константин Ромодановский  иброз дошта буд, ки аллакай ду сол мешавад, ки дар Русия низоми дактилоскопии ҳатмии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ карда шудааст ва тариқи он 7 млн. муҳоҷирон ба қайд гирифта шудаан.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар русия Татяна Москалкова изҳор дошт, ки ин чорабинӣ пеш аз ҳама ба хотири амният ҷорӣ карда шудааст.


Барчаспҳо:
гирифтани изи ангушт, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ