09:30 25 феврали 2017
Пахши мустақим
Раванди ба даст овардани патент, акс аз бойгонӣ

Роҳбари маркази муҳоҷиратӣ нақл намуд, ки чӣ тавр метавон дар ду соат патент гирифт

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
25030

Ташхиси тиббӣ, имтимҳони тестӣ, буми тиббӣ, дактиласкопия ва аксгирӣ – ҳамаи ин амалҳоро муҳоҷир метавонад якбора дар маркази муҳоҷирон ба сомон расонад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.Коршиносони масоили муҳоҷират аз Русия Қазоқистон, Тоҷикистон Нидерланди ва ИМА масоили мутобиқшавии шаҳрвандони хориҷиро дар Русия баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маркази бисёрфукнӯсионалии муҳоҷиратии Маскав.(МБММ)

Ба гуфтаи директори генералии МБММ Николай Федоссеев дар ҷиҳати таҳ кардани тамоми ҳуҷҷатҳо барои ба шаҳрвандони хориҷӣ кӯмак расонидан  бояд раванди он тезонида шавад.

"Муҳоҷири меҳнатӣ ба марказ ба бояд ду маротиба ҳозир шавад: бори аввал- ҳуҷҷатсупорӣ ва аз ташхисҳои лозима гузаштан, бори дуввум- гирифтани патент. Барои таҳ кардани тамоми ҳуҷҷат дар марказ муҳоҷир ҳамагӣ ду соат вақти хешро сарф мекунад",- қайд кард Федосеев.

Роҳбари маркази муҳоҷиратӣ ёдовар шуд, ки бояд муҳоҷири меҳнатӣ бо ду ҳуҷҷат ба марказ ҳозир шаванд- шиноснома ва картаи мигратсионӣ. Боқимонда ҳама раванди супоридани ҳуҷҷатҳо мебошад- гузаштан аз ташхиси тиббӣ, имтиҳонӣ тестӣ, буми тиббӣ, дактиласкопия ва гирифтани акси муҳоҷир, ки ин раванд дар худи марказ гузаронида мешавад.

Роҳбари марказ иброз дошт, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ даромад аз патент имсол нисбат ба соли гузашта то 30% зиёд мешавад. Мувофиқи маълумои ВКД Русия имсол даромади патент нисбат ба соли гузашта 1,5 маротиба зиёд гардидаст. Имсол ин маблағ зиёда аз 38 миллиард рублро ташкил намуд.

Ба наздикӣ вакилони Думаи давлатӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шаҳри Маскав, вилоятҳои назди Маскав, ва вилояти Ленинград зиндагӣ мекунанду қонуни муҳоҷиратӣ меҳнатиро вайрон кардаанд, ҷазои пешбинишударо "мулоимтар" намуданд.

Барчаспҳо:
гирифтани патент, Николай Федоссеев, Русия