17:13 21 августи 2017
Пахши мустақим
Президенти Русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ

Имзои Путин дар рӯйи қонуне, ки муҳоҷиронро барои “гуноҳи аввал” хориҷ намекунанд

© Sputnik / Максим Блинов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
55120

Қонун сабук намудани ҷазоро нисбати шахсоне, ки бори аввал қонунгузории муҳоҷиратро вайрон намудаанд, пешибинӣ мекунад. Мувофиқи он ба ҷойи депортатсия суд муҳоҷирро ҷарима мебандад

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин қонуни федералиро вабаста ба муҳоҷирон  ба имзо расонид. Қонуни мазкур  масъалаи хориҷкунии муҳоҷиронеро, ки дар ҳудудҳои Маскав, Санк- Петербург, вилоятҳои назди Маскав ва вилояти Ленинград қонунгузории муҳоҷиратиро вайрон намудаанд, дида мебарояд.

Вакилони Думаи давлатии санаи 21-уми декабр қонуни сабукгардонии ҷазо нисбати шаҳрвандони хориҷиро, ки қонуни муҳоҷиратиро вайрон намудаанд, қабул карданд. Нисбати ин гуна муҳоҷирон суд метавонад то  7 ҳазор рубл ҷарима бандад ва аз Русия хориҷ накунад.

Бо баробари ин дар кодекс илова меравад, ки агар муҳоҷирони ин митақаъ бори дуввум қонуни муҳоҷиратиро вайрон кунанд, ҳатман аз кишвар хориҷ карда мешаванд.

Пештар ВКД Русия изҳор дошта буд, ки барои ба кишварашон баргардонидани  муҳоҷирони хориҷшуда вазорат маблағ надорад.

Барчаспҳо:
депортатсия, ҷарима, муҳоҷирон, Владимир Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ