03:36 26 июли 2017
Пахши мустақим
Санҷиши гирифтории ВИЧ. Акс аз бойгонӣ

Муқаррароти вуруди муҳоҷирон ба қаламрави Русия бознигарӣ хоҳанд шуд

© Sputnik / Максим Богодвид
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
8311

Муовини нахуствазири Русия Олга Голодетс ба Вазорати тандурустӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Созмони беҳдошту беҳзистии Русия (Роспотребнадзор) дастур дода ки “муқаррароти вуруду хуруҷи муҳоҷирони гирифтори вируси камбуди эминии инсонӣ (ВИЧ) ба қаламрави Русия бознигарӣ кунанд”

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Рӯзномаи "Коммерсант", чопи Маскав, бо истинод ба номае ки дар ихтиёр дорад, хабар медиҳад, ки муовини нахуствазири Русия ин мавзуъро дар нишасти Шурои иҷтимоъии Ҳукумати Русия матраҳ кардааст.

Муқаррароти ҷории Русия вуруди гирифторони бемории ВИЧ-ро ба қаламрави кишвар мамнуъ кардаанд.Вале аз соли 2016 бар пояи муқаррароти Қонуни асосии Русия, бемороне ки хонаводаашон дар Русия ба сар мебарад, ҳаққи вуруд ба ин кишварро доро шудаанд.

Рӯзномаи "Коммерсант" ба нақл аз Пётр Родионов, узви Шурои сарпарастӣ дар умури иҷтимоъӣ, мегӯяд: "Ҳамакнун талошҳо барои коҳиши вогирии ВИЧ аз роҳи манъи вуруд, дар бархе маворид натиҷаи воруна медиҳанд".

Родионов ҳамчунин ёдоварӣ карда, ки аксари муҳоҷирон бо он ки аз гирифтор буданашон ба ВИЧ огоҳ ҳастанд, аз тарси ихроҷ шудан аз Русия бемории худро пинҳон медоранд ва ё асноду мадорики сохтаи пизишкӣ мегиранд, ё муҳоҷирати ғайриқонуниро ихтиёр мекунанд. Бархе дигар аз муҳоҷирон ҳам агар аз кишвар ихроҷ шаванд, ному насабашонро дигар карда, бо гузарномаҳои сохта дубора бармегарданд ва чунин ҳам буда ки ғайри қонунӣ бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунанд.

Ба гуфти вай, касоне, ки гирифтори ВИЧ ҳастанду дар Русия ғайриқонунӣ буду бош дорад, аз дармони ройгон ҳам маҳруманд. Ин масъала вазъро дар Русия бадтар мекунад, зеро бархе аз муҳоҷирон ё даст ба худдармонӣ мезананд ва ё куллан доруву дармон намегиранд.

Пётр Родионов бар ин бовар аст, ки бояд ҳар як муҳоҷир ба хадамоти пизишкиву дармони ВИЧ дастрасӣ дошта бошад, зеро агар беморияш дар мароҳили оғозин ошкор гардад ва баҳангом доруву дармон шавад, таҳдиде барои саломатии дигарон нахоҳад буд ва далеле ҳам барои ихроҷаш нахоҳад монд. Ба гуфти вай, доруву дармони муҳоҷиронро метавон ҳам аз пасандозҳои худашон ва ҳам аз ёронаҳои давлатӣ ва ё бимаи пизишкӣ таҳия кард.

Бино бар гузориши Созмони беҳдошту беҳзистии Русия (Роспотребнадзор), дар соли 2016 шумораи гирифторони ВИЧ нисбат ба соли 2015 бештар шуда ва 5,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мавзуъ

Шумораи гирифторони ВНМБ (ВИЧ) дар Осиёи Марказӣ зиёд шудааст
Шабнам: шавҳарам маро гирифтори "ВИЧ" кард, то ки аз ҷудо нашавам
Барчаспҳо:
гирифторони ВИЧ, вуруди муҳоҷирон, Петр Радионов, Олга Голодетс, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ