06:59 26 апрели 2017
Пахши мустақим
Коргарон дар майдони сохӣтмон, акс аз бойгонӣ

Ӯзбакистон барои ёфтани кор ба муҳоҷиронаш кӯмак мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Ҳукумати Узбакистон барои корҷӯёну таҷрибаомӯзони узбак бунгоҳи корёбӣ дар кишварҳои хориҷаро ташкил мекунад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Давлати Узбакистон тарҳи қонуни кори муҳоҷирон дар хориҷ аз кишварро баррасӣ мекунад.

Бино бар гузориши хабаргузории «РИА Новости», ин тарҳро Вазорати кори Узбакистон пешниҳод карда ва дар асоси он давлати Узбакистон бунгоҳи корёбиеро интихоб ва барои таъмини муҳоҷирон аз кор ба муҳоҷирон ҳамкорӣ мекунад.

Бунгоҳҳои хусусӣ фаъолияти худро бар асоси муҷаввизи расмӣ ва зери назари давлат роҳандозӣ хоҳанд кард.

Бино бар гуфтаи яке аз намояндагони ин Вазорат, “ҳамкории давлат бо бунгоҳҳои корёбии хусусӣ дар чорчӯби ҳамин қонун сурат хоҳад гирифт».

Тарҳи қонун ҳамчунин самтҳои асосии фаъолияти бунгоҳҳои корёбӣ ва ҳуқуқ ва масъулияти ин ниҳодҳоро муайян мекунад. Ҳамакнун камобеш 3 миллион нафар аз аҳолии Узбакистон дар хориҷ қарор доранд ва бештари онҳо дар манотиқи гуногуни Русия кор мекунанд. Вазорати кори Узбакистон дар назар дорад ин тарҳи қонунро дар наздиктарин замон омода ва тасвиб кунад.

Барчаспҳо:
бунгоҳҳои корёбӣ, Вазорати меҳнати Ӯзбакистон, муҳоҷирон, Ӯзбакистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ