07:09 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Муовини муфтии Татаристон Рустам хазрат Хайруллин

Нақли Хайруллин дар бораи таҳсили динии тоҷикистониён дар Қазон

© Фото: ДУМ РТ
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
12312

Муовини муфтии Татаристон Рустам Хайруллин гуфт, ки ба намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Қазон барои баланд бардоштани дониши динӣ кӯмак мекунанд

Душанбе, 22 фев-Sputnik. Барои тоҷикони муқими Татаристон курсҳои махсуси забони тоторӣ ва русӣ гузаронида мешаванд.

Ба қавли муовини муфтии Татаристон мусулмонони этникӣ дар ин ҷо аз урфу одот ва расму русуми худ дур нашуда, дар баробари ин бо анъанаҳои мардуми маҳаллӣ шинос мешавад.

"Албатта мусулмононе, ки дар шаҳри Қазон меҳмон ҳастанд, расму русуми худро пайравӣ мекунанд ва дар рӯзҳои ид ба масҷид меоянд. Онҳо дар масҷид вазъ гӯш мекунанд ва аз анъанаҳои мо бохабар мешаванд".

Вале ӯ қайд мекунад, ки шумораи муҳассилини мадраса аз ҳисоби донишҷӯёни хориҷӣ кам аст.

"Мутаассифона шумораи донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар мадрасаи Татаристон кам аст".

Аммо дар курсҳои назди масҷид ва аз худ кардани китоби Қуръон онҳо фаъоланд.

"Ин хурсандиовар аст, ки онҳо қавонини диниро дар ҳамин ҷо аз худ мекунанду ба дигар кившарҳои хориҷ намераванд",-шарҳ дод муфтӣ.

Ӯ қайд кард, ки дар ин самт масҷидҳо хеле ҷиддӣ кор мебаранд.

Барои аксари муҳоҷирон забони  туркӣ фаҳмо аст, ғайр аз намояндагони Тоҷикистон. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон  курсҳои махсуси забони тоторӣ ва русӣ гузаронида мешавад.

Татаристон барои муҳоҷирон макони мавриди таваҷҷӯҳ аст, чунки таърихан дар ин минтақа намояндагони дини ислом ба сар мебаранд.

Барчаспҳо:
тоторӣ, дарси Забони русӣ, Рустам Хайруллин, Татаристон

Мавзӯъҳои асосӣ