01:25 26 сентябри 2017
Пахши мустақим
Коршиносони Русия ва Тоҷкистон масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд

Баъди гуфтушуниди Раҳмон ва Путин: коршиносон масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд

акс аз бойгонӣ
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
19401

Дар ҷаласа ҷонибҳо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва Русияро оид ба лоиҳаи Созишномаи байни вазорати меҳнати ҶТ ва ФР оид ба ҳамкорӣ дар доираи меҳнат ва шуғли аҳолӣ баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.Дар Маскав вохӯрии коршиносон оид ба баррасии лоиҳаи созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ташкили фаъолияти меҳнати муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди ФР баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистонро раиси намояндагии Вазрорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Зоҳир Мирзозода ва ҷониби Русияро  роҳбари Раёсати  муҳоҷирати меҳнатӣ ВКД Русия Елена Прошина намояндагӣ намуд.

Дар ин нишаст тарафҳо дар бораи лоиҳаи созишномаи мазкур гуфтушунид намуданд.

Зоҳир Мирзозода қайд намуд, ки амалӣ гаштани лоиҳа  на танҳо раванди муҳоҷиратро идора мекунад, балки барои беҳтар гаштани шароити кор мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷониби худ коршиносони Русия ба масъалаҳои омодагии тахассусӣ, донистани забони русӣ ва қонунҳои асосии дохилии Русия аз ҷониби муҳоҷирон аҳамияти махсус доданд.

Дар хотима ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки лоиҳаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои ҷонибҳо бори дигар дида мебароянд.

Барчаспҳо:
забони русӣ, ҷойи кор, муҳоҷирон, намояндагии Вазорати меҳнат дар Маскав, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ