14:36 29 майи 2017
Пахши мустақим
Муҳоҷирон дар ФМС нават истодаанд.. Акс аз бойгонӣ

Гузашти якмоҳа: чӣ гуна метавон дар як моҳ аз феҳристи сиёҳ хориҷ шуд

© Sputnik / Максим Блинов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
31930

Дарёфти санадҳои лозим барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия оддӣ аст. Муҳим надоштани мушкиле бо қонунҳои ин кишвар аст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Аз рӯзи шанбе, 25-уми март, дар Русия раванди авфи умумии муҳоҷирони тоҷикистонӣ оғоз ёфт.

Муҳоҷироне, ки мехоҳанд худашон санадҳояшонро барои қонунисозии зиндагиву кор дар қаламрави Русия расмӣ кунанд, бояд ин корро дар як моҳ анҷом диҳанд, зеро замони афв танҳо аз 25-уми март то 24-уми апрелро дар бар мегирад.

Вадим Коженов, раиси Федеросюни муҳоҷирони Русия, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти афви якмоҳаро рӯшан кард.

"Ин афв се гурӯҳ аз муҳоҷиронро шомил мешавад. Якум гурӯҳ муҳоҷироне ҳастанд, ки аз дер боз дар Русия зиндагиву кор мекунанд, вале буду бошашон қонунӣ нест ва корти вурудашон ҳам беэътибор шудааст, аммо то кунун боздошт ё додгоҳӣ ё ихроҷ нашуда бошанд", — гуфт вай.

Аз ин рӯ, замони буду боши муҳоҷироне ки то кунун зери назари ниҳодҳои интизомиву муҳоҷиратии Русия набудаанд, то 90 рӯз тамдид карда мешавад.

"Боз ду гурӯҳи дигар аз муҳоҷирон низ афв мешавад. Яке муҳоҷироне, ки вурудашон ба қаламрави Русия аз барои ду ҷурм мамнуъ шуда аст ва дигар — муҳоҷироне, ки вурудашон аз барои нақзи муқарарроти будубош мамнуъ шудааст. Агар вуруди муҳоҷирро Идораи кулли муҳоҷирати ВКД Русия манъ карда бошад, дар паи ирояи санадҳои лозим вурудаш худ ба худ озод мешавад", — тавзеҳ дод Коженов.

Ин афви якмоҳа муҳоҷиронеро шомил мешавад, ки қонуни федералии вуруду хуруҷро бо ду роҳ вайрон кардаанд: яке ин ки дар муддати се сол ду бор ва бештар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад ва дигар ин ки пас аз анҷом ёфтани замони буду бош дар Русия дар мудати 30 рӯз аз қаламрави кишвар хориҷ нашуда бошад.

Ин ду қонуншиканӣ далели аслӣ барои манъи вуруди муҳоҷирон ба Русия шумурда мешавад.

Ба гуфти раиси Федеросюни муҳоҷирати Русия, муҳоҷироне, ки ҷурмашон сангин аст, аз ин авф истисно ҳастанд. Чунончи, муҳоҷире, ки пештар дар Русия додгоҳиву зиндон шуда, ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишварро нахоҳад дошт.

Ҳамчунин он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ихроҷ шуда будаанд ва ё ҳаминак дар боздошгоҳҳои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳастанд, аз ин афв баҳрае нахоҳанд дошт.

Дар куҷо бояд асноду мадорикро қонунӣ кард

Чӣ гуна метавон аз феҳристи сиёҳ хориҷ шуд?

Коженов дар ин бора мегӯяд: "Муҳоҷирон бояд ба бахши навбатдории ҳар идораи корҳои дохилаи Русия муроҷиат кунад. Он ҷо барояшон аризаи омодашударо медиҳанд. Ин аризаро пур кунанд, аксбардорӣ ва ангуштнигорӣ шаванд, яъне паи ангушти онҳо гирифта мешавад".

Пас аз ин шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба наздиктарин шуъбаи Идораи кулли умури муҳоҷирати ВКД ФР (собиқ ФМС) равад. Дар ин ҷо муҳоҷир корти нави муҳоҷират мегирад ва ё мӯҳре дар шиносномааш мезананд.

Бо ин равиш муҳоҷирон афв шуда ва аз дидгоҳи қонунӣ озод мебошанд ва ҳаққи буду бош барои 90 рӯзро дар Русия пайдо мекунанд. Дар ин 90 рӯз муҳоҷирон бояд дархости тамдиди муддати буду бошашонро ба ниҳоди масъул бидиҳанд ва саби ном шаванд.

Раиси Федеросюни муҳоҷирати Русия ҳамчунин гуфт, ки теъдоди муҳоҷироне, ки тақсирашон сангин нест, 20 ҳазор нафар шумориш шуда ва аз ин ҷо дониста мешавад, ки ҳамин теъдод муҳоҷирон метавоннад аз афви якмоҳа баҳраманд шаванд.

Бино ба омори нерӯҳои интизомии Русия, буду боши камубеш 75 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон қонунӣ нашуда ва онҳо низ бояд дар ниҳодҳои муҳоҷиратӣ номнавис шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар паи сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикикстон дар моҳи феврал ва дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чанд санад имзо шуда буд, ки яке аз онҳо марбут ба масоъили муҳоҷирон буд.

Пас аз ин сафари Путин муовини нахуствазири Русия Игор Шувалов эълом карда буд, ки давлати Русия 200 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистониро афв мекунад.

Мавзуъ

Қиссаҳои муҳоҷир аз велосипеди дуздида, то "бачаҳои крутой"-и пулталаб
Аз муҳоҷир то аъзои ДИ: кӣ зодагони Осиёи Марказиро ба террорист табдил медиҳад
Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад
Зиёда аз 2 миллион муҳоҷир имтиҳони забони русӣ супориданд
Дар Маскав зиёда аз 200 муҳоҷир боздошт гардид
Барчаспҳо:
гузашти якмоҳа, муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ