01:28 26 сентябри 2017
Пахши мустақим
Шаҳри Магадан, акс аз бойгонӣ

Беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд

© Sputnik / Александр Крылов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
22001

Дар соли 2016 камубеш 8 ҳазор тан аз шаҳрвандони пешини Шуравӣ ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Бино бар омори Созмони рушди сармояи инсонии Русия, дар соли 2016 7 800 шаҳрванди хориҷӣ ба Шарқи Дур кӯч бастаанд.

Бино ба натоиҷи иҷрои барномаи давлатии пуштибонӣ аз муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандони пешини Иттиҳоди Шуравӣ ба Русия дар соли 2016, камубеш 5 ҳазор муҳоҷир аз он 8 ҳазор кас дар ин барнома ширкат карда ва 3 ҳазор кас низ аъзои хонаводаҳои онҳо буда ки дар паяшон муҳоҷират кардаанд.

Интизор меравад, ки дар соли 2017 боз 3 500 тан аз сокинони пешини Русия бо хонаводаҳояшон ба Шарқи Дур кӯч хоҳанд баст.

Бино бар ин омор, минтақаи Шарқи Дурро бештар аз ҳама сокинони Украина (47 дарсад), Тоҷикистон (18 дарсад) ва Арманистон (10 дарсад) интихоб мекунанд. Ин созмон дақиқ мекунад, ки дар соли 2016 беш аз дигар манотиҷ муҳоҷирон вилоятҳои Приморие, Хабаров, Магадан ва Сахалинро интихоб кардаанд.

Ин барнома ҳафт минтақаи Шарқи Дур — Приморск, Хабаровск, Камчатка, Сахалин, Амур ва вилояти худгардони Яҳудиро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи мудири кулли ин созмон Валентиин Тимаков, вилоятҳои Шарқи Дур барои ширкаткунандагон дар ин барнома ёронаву мусоъидаҳоеро дар назар гирифтаанд.

Чунончи, онҳо шаҳрвандии Русияро осонтар дарёфт мекунанд, 240 ҳазор рубл ёрона ва 120 ҳазор рубл барои ҳар як узви хонавода дарёфт мекунанд ва ҳазинаҳои роҳу таробарии то маҳалли зисташонро ҷуброн мекунанд. Дар сурате ки муҳоҷирон дар маҳалли нави иқоматашон бекор монанд, ёронаи бекорӣ ҳам дарёфт хоҳанд кард.

Бино бар омор, дар соли 2016 шумораи муҳоҷироне ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, 21 дарсад афзоиш ёфтааст. Чунончи, соли гузашта 265 319 муҳоҷир шаҳрвандии Русияро дарёфт карда, дар ҳоле ки дар соли 2015 ин рақам 209 799 кас буд. Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки дар соли 2016 беш аз 150 ҳазор шаҳрванди Русия аз хориҷ ба кишварашон баргаштаанд. Ҷолиб ин аст ки аз ин шумор ҳар панҷумин нафар аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо боз гаштааст. Таҳлилгарон интизор доранд, ки шумораи касоне ки мехоҳанд кишварҳои узви Иттиҳоди Урупоро тарк кунанду ба Русия бар гарданд, дар наздиктарин солҳо бештар хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
кӯчиши аҳолӣ, шаҳрвандии Русия, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ