03:35 26 июли 2017
Пахши мустақим
Пулис асноди муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

Пулиси Маскав аз ҷаримабандии муҳоҷирони тоҷик муваққатан манъ шуд

© Sputnik / Александр Кондратюк
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
17701

Дар ростои иҷроӣ шудани барномаи афви муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия, пулиси Маскав аз ҷарима кардани шаҳрвандоне, ки қонуни муҳоҷиратро нақз кардаанд, манъ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Кормандони пулиси Маскав маъмурият ёфтаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки қонуни муҳоҷиратро нақз кардаанд, муваққатан ҷарима накунанд.

Бино ба гузоришҳои Life.ru ин маъмурият дар чорчӯби барномаи афви муҳоҷирон сурат мегирад, ки аз 25-уми март то 24-уми апрел амалӣ мешавад.

Бино ба фармони Раёсати умури дохилаи бахшҳои маъмурии Маскав, пулис набояд муҳоҷиронеро, ки муқаррароти муҳоҷиратиро нақз кардаанд, ҷарима бандад.

Ёдовар мешавем, ки дар паи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ва музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон, муқаррар шуд ки аз 25-уми март то 24-уми апрел дар қаламрави Русия авфи муҳоҷирони тоҷикистонӣ баргузор шавад.

Мавзуъ

Се роҳи бозгашт ба Русия: кадом гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ афв хоҳад шуд
Барчаспҳо:
афв, ҷарима, Мақомоти пулис, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ