06:59 26 апрели 2017
Пахши мустақим
Ташдиди чораҳои амниятӣ дар Русия

Инфиҷор дар метрои Петербург чи асару таъсире бар вазъи муҳоҷирон хоҳад гузошт?

© Sputnik / Максим Блинов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
12410

Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург эҳтимолан таъсире манфӣ дар вазъи қонунӣ ва иҷтимоъии муҳоҷирон хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik, Рубен Гарсия. Пас аз инфиҷор дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, ки дар он 14 кас кушта шуд, бархе аз фаъолони иҷтимоъӣ бедиранг ангушти иттиҳом ба сӯи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ гирифтанд ва хориҷиёнро муттаҳам ба даст доштан дар ин қазия карданд.

Бархе низ муҳоҷирати кориро таҳдид ба амнияти миллии Русия донистанд.

Аммо мавзуъ ин аст, ки ҷомеъа ин иттиҳому иддиъоҳоро чигуна хоҳад дарёфт.

Каромат Шарипов, раиси ҷунбиши иҷтимоъии "Муҳоҷирони кории тоҷик", дар ин бора мегӯяд: "Мардуми Русия нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла  муҳоҷирон, бархӯрди хуб доранд. Муҳҷиратро маъмулан бархе аз афрод, бештар ҳам сиёсатмадороне, хатарнок мегӯянд, ки ин мавзуъ барояшон барги баранда аст".

Дар воқеъ, кам нестанд сиёсатмадороне, ки мавзуъи манъи муҳоҷират ва мубориза бо таҳдидҳои теруристӣ барояшон беҳтарин восита барои худнамоӣ дар арсаи сиёсат аст.

Аммо, ба бовари коршиносони русӣ, сарфи назар аз иттиҳомоти ин гуна сиёсатмадорон, ҳамин як далел ки бумбгузор аз Осиёи Марказӣ буда, бисёре аз шаҳрвандони Русияро нисбат ба муҳоҷирон бадбин хоҳад кард.

"Акнун теъдоди касоне, ки шиъорҳои родиколӣ пеш хоҳанд кашид, бештар хоҳад шуд. Аз он шумор кунишгарони иҷтимоъӣ ва сиёсие ҳастанд, ки аз бадбинии бумиён нисбат ба муҳоҷирон судҷӯӣ хоҳад кард ва ё худ низ сидқан чунин бадбиние нисбат ба муҳоҷирон дорад. Бояд гуфт ки дар ҷомеъа ҳам касоне, ки ингуна шиъорҳоро бипазиранд, кам нестанд. Бегонаҳаросӣ ва муҳоҷирҳаросӣ — бахше аз боварҳои ҳар ҷомеъае аст", — мегӯяд коршиноси қонунгузории муҳоҷиратӣ, роҳбари тарҳҳои Бунёди "Добрососедство" Юрий Московский дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, нобоварӣ ба муҳоҷирон, ҳатто агар аз дидгоҳи иқтисодӣ барои кишвар судманд ҳам бошанд, хосси танҳо мардуми рус нест, балки дар саросари ҷаҳон дида мешавад.

Дар Урупо низ нобоварии бумиён ба муҳоҷирон ва паноҳҷӯён боис шуд, ки қонунгузорон зуд дар ин замина қонуну муқаррароте танзим ва ҷорӣ кунанд.

Дар ислоҳи қонун шитоб накунед

Ин раванд дар Русия имконпазир аст.

"Дар кишвари мо ин гуна пешниҳодҳо бидуни шакк бо хушҳлолӣ қабул карда мешавад.  Бояд воридоти шаҳрвандон аз кишварҳои мусалмонӣ маҳдуд карда шавад, қонуни гирифтани шаҳрвандӣ мушкил карда шавад- ин мовӯъҳоест, ки акнун ба баҳси он сар мекунанд",- мегӯяд Вячислав Поставнин, раиси бунёди "Миграция XXI века".

Ба гуфтаи вай, назорат аз ҳисоби муносибати динӣ ё миллӣ на танҳо ба хориҷиён дахл мекунад, балки шаҳрвандони Русияро низ дарбар мегирад.

"Агар ин гуна ташаббусҳоро ба таври алоҳидагӣ дида бароем, пас 10 ҳиссаи аҳолии  кишвари моро  мусалмонон ташкил мекунанд.  Пас бо онҳо чӣ бояд кард?  Солҳои ахир бештари инфиҷорҳоро кӣ ба амал овардааст? Ҳамватанони худамон- сокинони Қафқози шимолӣ. Пас мо бояд чӣ кор мекардем? Байни кишвар девор рост мекардем",- савол мегузорад Поставнин.

Милиса, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Евгений Одиноков

Аммо агар гап дар бораи зиёд шудани муносибати манфӣ нисбати  муҳоҷирон дар байни ҷомеа наравад ҳам, масъала вокуниши сиёсатмадорон ба фаҷиаи метрои Петербург ба бадтар шудани аҳволи ҳуқуқии муҳоҷирон оварда мерсонад.

Бештар ходимони давлатӣ бе изҳороти ягон баҳси тезу тунд пешниҳод кардаанд, ки бояд назорати муҳоҷиратӣ ташдид карда шавад.

Масъалан, вокили думаи давлатӣ Михаил Емелянов пешниҳод кардааст, ки ба воситаи ақди никоҳ гирифтани шаҳрвандии Русия бекор карда гардад.

Елена Драпеко- вакили дигари Думаи давлатӣ пешниҳод мекунад, ки тамоми муҳоҷирон бояд худро ба қайд гиранд ва ин раванд дар кишвар пурзӯр карда шавад.

Зиён бештар аз суд аст

Мантиқи қонунгузорон дарёфтанист: агар назорат сахт бошад — ифротгароён дар анҷоми амалиёти теруристӣ ба мушкилот дучор мешаванд.

Аммо масъала дигар аст. Бо як дар рӯйи коғаз навишта намудани қлонун кор ба охир намерасад ва дар мубориза бо терроризм ягон таъсире намерасонад, балки  ба  шаҳрванди қонунмадор зарбае мешавад.

"Нав қонуни гирифтани шаҳвандиро ба рустаборон ва гӯишварони забони русӣ осон кардем, бояд, акнун он қонунро бекор кунем? Ба ҳамватанони худ раванди гирфитани шаҳрвандиро мушкил кунем? Террориз- масъалаи алоҳида аст, муҳоҷират — алоҳида. Набояд фаъолияти амният ва хадамоти муҳоҷиратро ба ҳам омехта кард",- мегӯяд Вячислав Поставнин.

Бисёре аз коршиносон бар онанд, ки мақомоти муҳоҷиратӣ дар Русия самаранок фаъолият дорад.  Бо террористон бошад танҳо амният бояд мубориза барад, зеро теруристро на қонун ва на виҷдон наметавонад аз фикраш бар гардонад.

"Ҷиноятро на танҳо хориҷиён содир мекунанд, балки аз тарафи шаҳрвандони Русаия низ содир мешавад, барои ҳамин пеш аз ҳама бояд чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯиро тақвият бахшид",- мегӯяд профессори Донишгоҳи давлатии идора ва корманди фахрии хадамоти муҳоҷират Владимир Волох.

Ёдовар мешавем, ки инфиҷор дар метрои Петербург санаи 3-уми апрели соли ҷорӣ ба амал оварда шуд, ки 10 натиҷа 14 нафар кушта шуданд.

Гумонбарии асосии ин ҳодиса, ҳоло, мувофиқи маълумоти тафтишотӣ Акбарҷон Ҷалилов- ҷавони 22-солаи шаҳрванди Русия зодаи Қирғизистон ва ӯзбектабор мебошад. Кумитаи амнияти миллии Қирғизиситон шахсияти теруристро тасдиқ намудааст.

Мавзуъ

Сергей Лавров: инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург интиқом аз Русия нест
Владмир Пучков: се шаҳрванди хориҷӣ дар инфиҷор дар метрои Петербург кушта шудаанд
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар инфиҷори метрои Петербург кушта шудааст
Омили инфиҷор дар метрои Петербург эҳтимолан муҳоҷире аз Осиёи Марказӣ будааст
Хадамоти махсуси СҲШ дар инфиҷори Бишкек пайи тоҷиконро ҳам дарёфт кард
Инфиҷори ҷангиёни "Давлати исломӣ". Дар бомбаи худашон
Барчаспҳо:
инфиҷор, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ