19:57 23 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ронандаи автобус, акс аз бойгонӣ

Русия ҳаққи ронандагӣ барои муҳоҷиронро то як сол тамдид мекунад

© Sputnik / Владимир Федоренко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
18410

Иҷрои қонуни ҷойгузинии гувоҳиномаҳои ронандагии муҳоҷирон бо мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. Русия дар назар дорад муддати иҷрои қонуни дарёфти гувоҳиномаи ронандагии русиро тамдид кунад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Муҳоҷироне, ки дар Русия токсиронӣ мекунанд ва ё дар ширкатҳои мусофирбарӣ кор мекунанд, имкон хоҳанд дошт то як соли дигар гувоҳиномаҳои ронандагии миллияшонро бо гувоҳиномаи русӣ ҷойгузин кунанд. Тарҳи чунин қонуне барои баррасӣ ба Думаи кишварии Русия пешниҳод шудааст.

Ин тарҳ агар тасвиб шавад, ронандагонро имкон хоҳад дод боз як соли дигар — то 1-уми июни соли 2018 бо гувоҳиномаҳои миллии худ дар ширкатҳои мусофирбарӣ ва токсиронӣ кор кунанд.

далели пешниҳоди ин тарҳ ошкор аст — дар он муддати кӯтоҳе, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ муқаррар кардаанд, онҳо наметавонанд гувоҳиномаҳои миллияшонро бо гувоҳиномаи русӣ ҷойгузин кунанд.

Дар ин тарҳ оварда шудааст, ки ҳамакнун дар Русия камубеш 9,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ронандагӣ мекунад. Ҳангоми муроҷиат ба БДА барои дарёфти гувоҳиномаи русӣ онҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

"Монеъаи аслӣ дар роҳи баргузории имтиҳонот барои муҳоҷирон набуди заминаи моддию техникӣ дар марказҳои имтиҳонгирии БДА аст", — таъкид шуда дар ин тарҳи қонун.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкилот, бисёре аз ширкатҳои мусофирбарӣ ва таробарӣ дар номаҳо ба Пулиси роҳнамоиву ронандагӣ изҳор доштаанд, ки баргузории имтиҳонот барои ронандагони хориҷӣ дари ин муддат имконнопазир аст.

Ёдовар мешавем, ки қонун дар бораи манъи ҳуқуқи ронандагӣ барои хориҷиён бо гувоҳиномаи ронандагии хориҷӣ аз 1-уми июли соли 2017 амалӣ мешавад.

Барои дарёфти гувоҳиномаи ронандагии русӣ шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба Маркази имтиҳонотии шуъбаи БДА ариза бидиҳанд. Пас аз супоридани имтиҳон онҳо гувоҳиномаи русӣ дарёфт хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
ҳуҷҷати русӣ, ронанда, қонун, БДА, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ