03:57 25 сентябри 2017
Пахши мустақим
Раванди гирифтани патент дар Маркази муҳоҷиратӣ

Нархи гирифтани патент дар вилояти Маскав арзон шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
27831

Барои тайёр намудани патент шаҳрванди хориҷӣ мувофиқи нархгузории нав бояд 11 400 рубл супоранд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik.Маркази муҳоҷиратии воҳид  нархи омода сохтани патенро тағир дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти марказ.

Ҳамин тавр, аз 17-уми апрел нархи патент аз 15,1 ҳазор ба 11,4 ҳазор баробар шуд.

Дар маркази муҳоҷиратӣ ёдовар мешаванд, ки шаҳрванди хориҷӣ метавонад дар  мӯҳлати аз 1 моҳ то 12 моҳ патент кушоянд. Барои  дароз кардани мӯҳлати иҷозатнома бояд 16 рӯз пеш аз тамом шудани мӯҳлати коршоямии он ба маркази муҳоҷиратӣ муроҷиат кард.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Маркази муҳоҷиратии Маскав аз аввали соли 2017 ба муҳоҷирони меҳнатӣ зиёда аз 85 ҳазор патент додааст.

Илова бар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби гирифтани патент дар ҷойи дуввум қарор гирифтанд. Дар соли 2016 муҳоҷирони тоҷик 433,7 ҳазор иҷозатномаи кор гирифтаанд.

Барчаспҳо:
патент, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ