10:03 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон

Полковник: "аз фарзандони муҳоҷиратон зиёд пул талаб накунед"

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
27613

Аз аҳволи фарзандонатони муҳоҷиратон бохабар бошед ва аз онҳо зиёд пулу мол талаб накунед

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва кормандони интизомӣ дар вилояти Хатлон бо бошандагони ноҳияи Шаҳритус дидор ва мулоқот карда, волидонро аз оқибатҳои шомилшавии фарзандонашон ба гурӯҳҳои тундрав огоҳ карданд.

Дар ин вохурӣ раиси ноҳияи Шаҳритус Рамазон Оймаҳмадзода, муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Муллоев, полковники милитсия Ҷумахон Назарзода, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода, шоир Хайрандеш ва сокинони ноҳия ширкат карданд.

Ҷумахон Назарзода яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои тундрав истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет гуфт.

"Имрӯз мо падару модарон бояд бо ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан — Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем", — қайд кардааст ӯ.

Валихон Ҳамдамзода бошад, таъкид кардааст, ки ҳар як падару модар бояд аз шароити буду боши фарзандони муҳоҷирашон бохабар бошанд  ва аз онҳо зиёд талаби пулу мол накунанд: "ин омил ҷавононро маҷбур месозад, ки даст ба кирдорҳои ношоиста бизананд".

Ӯ аз аҳли нишаст даъват кардааст, ки бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ кунанд, то роҳи ин гуна амалҳо гирифта шавад.

Шоир Хайрандеш дар васфи ватандорӣ, Ваҳдат ва арзишҳои миллӣ шеър қироат карда афзудааст, ки имрӯз бархе аз ҷавонписарони тоҷикро бо сабаби паст будани маърифат зархаридони хориҷӣ ба доми худ фирефтаанд ва ин доғи ҷудоиву нангро падару модарон, хешу ақрабои онҳо бар душ доранд.

Мавзуъ

Беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд
Дод аз дасти муҳоҷират: сарнавишти занони талоқшуда
Коршинос: Қонунгузории ҷории Русия дар заминаи муҳоҷират ниёз ба бознигарӣ дорад
Кӯдакони муҳоҷирон II: Чӣ гуна дар Русия муҳоҷирон барои муҳоҷирон боғча “месозанд”
Аҳволи кӯдакони муҳоҷирон: дурӣ аз Ватан ва ҷудоӣ аз падару модар
Барчаспҳо:
ҷаласа, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ