11:24 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Судебный молоток, архивное фото

Чанд шаҳрванди Русия барои сабти ғайриқонунии иқомати муҳоҷирон ба додгоҳ кашида шуданд

© Sputnik / Андрей Старостин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Чанд шаҳрванди Русия дар шаҳрҳои Нижневартовск ва Великий Новгород муттаҳам ба сабти ғайриқонунии иқомати муҳоҷироне аз Тоҷикистон ва Узбакистон шудаанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шаҳрванде дар шаҳри Нижневартовск ба иттиҳоми сабти ғайриқонунии иқомати 37 муҳоҷир дар хонааш ба додгоҳ кашида шудааст.

Бозҷӯён дар раванди амалиёти пайгирӣ собит кардаанд, ки ин шаҳрванд аз моҳи январи соли 2016 то апрели 2017 37 муҳоҷир аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Укроинро дар хонааш сабти ном кардааст.

Ин шаҳрванд ба ҷурми "сабти ғайриқонунии иқомати шаҳрванди хориҷӣ дар сохтмони маскунӣ" ба додгоҳ кашида шудааст.

Ҳамчунин дар шаҳри Великий Новгород кормандони пулис шаҳрвандеро дастгир кардаанд, ки дар баробари дарёфти 8 ҳазор рубл чаҳор муҳоҷири тоҷикистониро ғайри қонунӣ дар хонааш сабти ном кардааст.

Додситонии шаҳри Великий Новгород бар ин шаҳрванд иттиҳом зада, ки бо сабти ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хонааш гӯё барои пайдо кардани ҷойи кор ба онҳо кумак кардааст, валекин аз онҳо пул гирифта ва онҳо ҳаргиз дар ин хона иқомат надоштаанд.

Парвандаи ин шаҳрвандони Русия ба иттиҳоми сабти ғайриқонунии иқомати шаҳрвандони хориҷӣ барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бар асоси қавонини Русия, шаҳрвандони корҷӯи хориҷӣ бояд дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар ба шарти зиндагӣ дар он макон иқомати худро сабт кунанд то бар асоси санади сабти иқомат ба кор гирифта шаванд.

Мавзуъ

Боздошти муҳоҷире, ки бо корд ба пулиси рус ҳамла кард
Муҳоҷире барои иҷрои шарт худро ба рӯди Маскав андохт
Аҳмадов: тавофуқномаи кори гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия омода мешавад
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт
Вазири кор: Урупо ба муҳоҷирони коршинос ниёз дорад
Барчаспҳо:
додгоҳ, сабти иқомат, муҳоҷират, Додситонии Русия, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ