20:07 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Акс аз навори Бунгоҳи муҳоҷиратӣ дар Маскав дар Ютуб

Маркази муҳоҷиратӣ дар филме роҳҳои таҳияи патентро нишон дод

© Саҳифаи Бунгоҳи муҳоҷиратии Маскав дар Ютуб
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Бунгоҳи муҳоҷиратии Маскав бо интишори филме роҳҳои қонунии дарёфти муҷаввизи корро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ 9 авг — Sputnik. Бунгоҳи муҳоҷиратии чандкораи Маскав дар дар шабакааш дар You Tube филмеро мунташир карда, ки дар он роҳҳои дарёфти патент ё муҷаввизи кор тавзеҳ дода шудааст.

Дар ин филм равиши таҳияи санадҳои лозим ва дарёфти муҷаввизи кор намоиш дода шудааст. Барои намуна намоиш дода шуда, ки чигуна шаҳрванде дар Тоҷикистон дар интернет роҳҳои қонунии таҳияи патентро омӯхта ба Русия меояд ва бо пешниҳоди санадҳои лозим аз Бунгоҳи муҳоҷиратии Маскав муҷҷавизи кор дарёфт мекунад.

Дар ин яилм ёдоварӣ мегардад, ки муҷаввизи корро танҳо дар бунгоҳҳои муҳоҷиратӣ метавон дарёфт кард.

Шаҳрванди хориҷие, ки дар Русия бе муҷҷавиз кор мекунад, 7000 рубл ҷарима шуда ва аз кишвар берун ронда мешавад.

Барчаспҳо:
таҳияи муҷаввизи кор, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ