11:24 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Денежные купюры, архивное фото

Моҷарои ду муҳоҷири соҳибкор дар Русия: яке 27 милюн рубли дигареро аз худ кард

© Sputnik / Владимир Трефилов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Пас аз як сол соҳибкор ба кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шикоят кардааст, ки "дӯсташ" то ҳол маблағи 27 милюн рубли меваву сабзавоти харидаашро пардохт накардааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, як сокини ноҳияи Ҳисор аз ҷониби кормандони милиса бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин марди ҳисорӣ ҳангоми муҳоҷират дар Русия соҳибкори 39-солае аз ноҳияи Панҷро фиреб дода аз ӯ ба маблағи бисёр калон меваву сабзавот харида, бахше аз маблағро пардохт карда, вале боқимондаро, ки 27 милюн рубл буда, хешонидааст.

Ин соҳибкори фиребхӯрда пас аз он, ки дар муддати як сол натавонист бо ҳеч роҳе пулашро аз фиребгар пас бигирад, ба милиса шикоят бурдааст.

Барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шуда ва бозрасӣ идома доранд.

Барчаспҳо:
аз худ кардани маблағ, соҳибкор, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ