18:25 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Ҷустуҷӯ дар манзилҳо ва коргоҳҳои муҳоҷирони Петербург. Акс аз бойгонӣ

Ҷустуҷӯ дар манзилҳо ва коргоҳҳои муҳоҷирони Петербург: нӯҳ кас боздошт шуд

© Sputnik / Виталий Аньков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Дар паи ҷустуҷуи манзилҳо ва коргоҳҳои гумонбарон ба "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" нӯҳ кас боздошт ва пурсуҷӯ карда шуд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Кормандони Раёсати тафтишотии ВКД Петербург дар ҳуддуди ин шаҳр дар байни муҳоҷирон чорабинии бузурги ҷустуҷӯӣ баргузор карданд.

Ба гузориши "Фонтанка", кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дар 11 манзил ва коргоҳҳои муҳоҷирон амалиёти ҷустуҷӯ гузарониданд.

"Ба шӯъбаи тафишотии ВКД нӯҳ муҳоҷир оварда шуд, ки ҳашт нафарашон зодагони Осиёи Марказӣ ва якеашон шаҳрванди Русия сокини шаҳри Петербуг аст".

Гуфта мешавад, ки ин зани рус барои ташкили фирмаи ғайриқонунӣ, ки баро муҳоҷирон ҳуҷҷҷатҳои зарурӣ омода мекард, машғул буд.

Дар миёни боздоштшудагон як шаҳрванди Узбакистон Шерим Тураева ҳаст, ки ӯ баҳори соли 2017 барои додани пора ба корманди ҳифзи ҳуқуқ гунаҳкор мешавад ва то ин дам дар пайгард қарор дошт.

Манбаъ меафзояд, ки ягон муҳоҷири боздоштшуда, қонунан дар ҷое сатб нашуда буд ва андоз намесупорид. Тибқи маълумоти пешакӣ фақат дар моҳи июл аз ҷониби ин гурӯҳи фиребгар наздики 250 муҳоҷир ҳуҷҷат гирифтааст.

Пештар раиси Шурои амнияти Русия Николай Патрушев гуфт, ки мақомоти кишвар то кунун натавонистаанд сатҳи муҳоҷирати ғайриқонуниро коҳиш диҳанд.

Вай ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае дар мавзуъи амнияти миллӣ дар Ёқутистон гуфт, ки ин замон барои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия шароит фароҳам оварда шуда, шароити дарёфти кор содда гардонида шудааст.

"Вале то ҳол паст кардани сатҳи муҳоҷиртаи ғайриқонунӣ, ки амнияти ҷомеъаро таҳдид мекунад ва майдони рушди теруризм, табаҳкории фаромарзӣ мебошад, даст надодааст", — гуфт Патрушев.

Дмитрий Попов
© Фото: Предоставлено Дмитрием Поповым

Ӯ таъкид кард, ки афзоиши мавориди тақаллуби санадҳо барои сабти ном дар маҳалли иқомат аз ҷониби муҳоҷирон нигаронкунанда аст.

Тоҷикистон ягона кишвари Иттиҳодияи давлатҳои ҳамсуд аст, ки муҳоҷиронаш дар авоили соли 2017 бештар аз дигарон ба Русия сафар кардаанд.

Бино ба иттилоъи рӯзномаи "Ведомости" дар кулл муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Бар асоси пажӯҳиши Фарҳангистони улуми Русия шумораи муҳоҷирони қонунӣ дар авоили соли 2017 нисбат ба авоили соли 2016 то 26,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Шумораи муҳоҷирон аз Қазоқистону Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ кам шудааст ва дар сатҳи солҳои 2012-2013 қарор дорад.

Аммо Тоҷикистон ҳамчунон дар муҳоҷират пешсаф аст ва дар шаш моҳи аввали соли 2017 нисбат ба порсол муҳоҷират бештар шудааст. Чунончи, агар дар шаш моҳи аввали соли 2016 ба Русия 5,6 ҳазор кас омада бошад, имсол 6,3 ҳазор тоҷикистонӣ барои кор ба Русия сафар кардааст.

Коршиносон далоили аслии коҳиши муҳоҷират ба Русияро шадидтар шудани қавонини муҳоҷиратӣ, коҳиши музди кору даромадҳо медонанд. Вале ин далелҳо пеши роҳ муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро намегиранд.

Мавзуъ

Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт
Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия
Беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд
Хисороти молии "Сомон Эйр" дар мавсими муҳоҷират
Барчаспҳо:
ҷустуҷӯ, боздошт, муҳоҷирон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ