23:55 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Машина скорой помощи в России, архивное фото

Вазорати кору муҳоҷират: ҷавоне, ки дар бозори Маскав лату кӯб шуда, зинда аст

Sputnik / Стас Этвеш
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)
94 0 0

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабари марги Наврӯз Каримов дурӯғ аст ва ӯ зинда асту ҳолаш беҳтар шудааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Намояндаи Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  дар Русия хабари кушта шудани муҳоҷири тоҷик аз дасти посбонҳои бозори "Москва" дар пойтахти Русияро таъйид накард.

Иброҳим Аҳмадов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, хабари кушта шудани Наврӯз Каримовро таъйид намекунад ва то ҷое, ки медонад, ин шаҳрванди ҶТ ҳамакнун дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ аст ва феълан ҳолаш беҳтар шудааст.

Вай гуфт, аз дирӯз боз бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин қазияро пайгирӣ доранд ва ба он бозор ҳам рафтаву пурсуҷӯ кардаанд.

"Мо ин хабарро бо Сафорати Тоҷикистон дар Русия баррасӣ дорем ва пас аз равшан шудани ҳама паҳлӯҳояш гузориш медиҳем", — афзуд вай.

Дирӯз бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки кормандони ВУД Русия шаби 20-уми сентябр дар бозори "Москва" дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав камобеш 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз мудирияти бозор талаб кардаанд, ки нигаҳбонҳоеро, ки Наврӯз Каримовро лату кӯб кардаанд, ба додгоҳ бикашанд.

Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки дар бозор аробакашӣ мекарда, бе иҷозаи нигаҳбонон бору колоҳоро аз як роста ба дигар роста бурда, ки хашми нигаҳбононро бар ангехтааст.

Мавзуҳо:
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)
Барчаспҳо:
латту кӯб, Иброҳим Аҳмадов, аробакаш, муҳоҷир, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ