23:55 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Қабристони Хованский

Муҳоҷирони тоҷик худро гунаҳкори задухӯрд дар мазори Хованский намешуморанд

© Sputnik / Максим Блинов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)
137 0 0

Аз кулли ширкаткунандагони задухӯрд дар ин мазор, ки шуморашон аз 200 то ба 300 тан мерасид, танҳо 5 тан дар курсии мутаҳҳамон нишастаанд ва ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар додгоҳи Шербинскийи Маскав баррасии парвандаи задухӯрд дар мазори Хованский, ки дар моҳи майи соли гузашта рух дода буд, идома дорад.

Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ аз кулли ширкаткунандагони задухӯрд дар ин мазор, ки шуморашон аз 200 то ба 300 тан мерасид, танҳо 5 тан дар курсии мутаҳҳамон нишастаанд ва ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Муттаҳамон — Шоимардон Аҳмадов, Ҳоҷиқурбон Бӯриев, Раҳмуддин Садурдинов, Ҷомӣ Чакалов ва Диловар Юнусов гуноҳи худ дар ин задухӯрдро такзиб мекунанд. Бар асоси бозрасӣ, сабаби задухӯрд умури қабристон буд.

Муҳоҷирони маҳаллӣ ба ивази музди камтаре ба умури мазори Хованский расидагӣ мекарданд. Аҳли Маскав аз кори муҳоҷирон айбҷӯӣ намекарданд. Хидматрасонии муҳоҷирон арзон буд. Аҳли хонаводагони муттаҳамон мегӯянд, ки гурӯҳе мехостанд, ки ин "соҳибкорӣ"-ро таҳти назорати худ дароваранд. Онҳо аз муҳоҷирон тақозо карда буданд, ки аз даромади худ "молиёт" супоранд. Аммо даромади муҳоҷирон қобили "молиётсупорӣ" набуд.

Баъид ин гурӯҳ омаданд ва ба муҳоҷирон ҳамла карданд. Ба гуфтаи мушоҳидакунандагон, дар курсии муттаҳамон ширкаткунандагони задухӯрд нишастаанд. Бозрасӣ бояд созмондиҳандагони задухӯрдро кашф кунад.

Мавзуҳо:
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)
Барчаспҳо:
боздошт, Қабристони Хованский, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ