19:27 20 октябри 2017
Пахши мустақим
Таджикский мигрант Парвиз Ибрагимов - помогает сиротам рухинджы

Кӯмаки муҳоҷири тоҷик ба 1000 кӯдаки ятими руҳинҷо

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
25520

Парвиз Иброҳимов мегӯяд, ҳар касе, ки мехоҳад дар ин кори хайр бо вай ҳамроҳ шавад, метавонад дар зери навор шарҳ нависад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Парвиз Иброҳимов — як муҳоҷири накӯкори тоҷик, ки чанде пеш дар наворе дар шабакааш дар Ютюб эълон кард, ки ба Банглодеш меравад, ба ҳазор кӯдаки ятими руҳинҷоӣ кумак расонидааст.

Дар ин бора вай дар наворе дар шабакааш "Фонд таджика" гузориш додааст.

Чуноне, ки худи Парвиз Иброҳимов мегӯяд, ин кумакро ба кӯдакистоне расонда, ки мадраса низ ҳаст ва ҳазор кӯдаки ятими руҳинҷоиро омӯзишу парвариш медиҳад.

Вай афзудааст, барои ин кӯдакистон биринҷ, шампун, собун, хамири дандон ва дигар чизҳоро овардаанд.

"Ҳар чизе ки лозим доштанд, дар феҳристе ба мо доданд ва мо онҳоро овардем", — мегӯяд дар навор вай.

Пештар Иброҳимов дар наворҳояш хабар дода буд, ки барои паноҳҷӯёни руҳинҷоӣ дар марзи Банглодешу Миёнмор 7 боркаш кумаки башардӯстона ва ба бархе аз онҳо пули нақд тақсим кардааст.

Ҳамчунин Парвиз Иброҳимов бо гурӯҳаш дар Банглодеш ба нақша гирифтаанд, ки барои паноҳҷӯён 25 хайма бунёд кунанд.

Барчаспҳо:
ятимхона, муҳоҷир, кӯмак, Парвиз Иброҳимов, Бангладеш, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ