23:42 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Статс-секретарь Григорий Карасин, архивное фото

Карасин: роҳандозии раводид бар зиёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст

Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
42 0 0

Григорий Карасин саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Русияро чашмрас шумурд ва роҳандозии раводид миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро нописанд хонд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии Русия роҳандозии раводид бо кишварҳои Осиёи Марказиро барои равобити созмандшудаи ин кишварҳо зиёновар мешуморад.

«Муҳоҷирон бо пуле, ки аз Русия ба кишварҳояшон мефиристанд, на танҳо хонаводаҳои худро дастгирӣ мекунанд, балки дар иқтисоди Русия низ саҳми чашмрасе мегузоранд. Заминаҳои воқеъӣ барои мушорикат, ниёз ба ёфтани созукорҳои беҳина ва равишҳои ҳалли муштараки мушкилоти рӯзовард шароите ҳастанд, ки равандҳои ташаккули минтақаи ҳамлу нақли озоди колоҳо ва хадамотро фароҳам меоваранд», — гуфт Карасин.

"Аз ин рӯ, роҳандозии раводид миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои равобити созмандшудаи миёни онҳо зиёновар аст", — таъкид кард муовини вазири хориҷа.

Бино ба додаҳои расмӣ то имрӯз 97 дарсади муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия мераванд. Тибқи иттилоъи бархе аз манобеъ, дар Русия аз 600 то як милюн тоҷикистонӣ кор мекунад.

Мавзуъ

Русия ниёзе ба пойгоҳи низомии дигар дар Осиёи Марказӣ надорад
Маркази муҳоҷиратӣ дар филме роҳҳои таҳияи патентро нишон дод
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт
Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия
Барчаспҳо:
муҳоҷират, раводид, Григорий Карасин, Русия-Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ