00:08 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Марде бо телефони мобилӣ, акс аз бойгонӣ

Занг занед: муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия бо телефон ёрии ҳуқуқӣ мегиранд

© Sputnik Стас Этвеш
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон аз ин пас метавонанд бо шумораи тамоси мустақим ёрии ҳуқуқӣ бигиранд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон акнун метавонанд бо шумораи мустақими телефон аз коршиносон кумаки ҳуқуқӣ дарёфт кунанд.

Ин тарҳ, ки "Migrant" номида шудааст, бо ҳадафи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст.

Созмондиҳандагони ин тарҳ мавод ва роҳнамоиҳои ҳуқуқиро ройгон ва ба забонҳои русӣ, инглисӣ, узбакӣ ва тоҷикӣ ба муҳоҷирон хоҳанд дод.
Дар бораи ин тарҳ метавон аз сомонаи НКО ва ё барномаи мобилии Migrant пайдо кард.

Тамоси мустақим бо шумораҳои +7 903 169 91 61, +7 903 169 29 20 амалӣ мешавад. Ҳамчунин метавон ба ин шумораҳо аз Telegram  ва WhatsApp паёмак равон кард.

Барчаспҳо:
ёрии ҳуқуқӣ, телефони мустақим, муҳоҷирон, Узбакистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ