00:08 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, акс аз бойгонӣ

Арзиши патент дар Маскав гарон мешавад

© Sputnik / Алексей Дружинин
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
318 0 0

Бояд арзиши патентро ба муҳоҷирон дар Маскав гаронтар кард, то он баробар ба андози коргарони оддӣ дар пойтахт бошад, мегӯяд шаҳрдори Маскав Сергей Собянин

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Шаҳрдори Москав Сергей Собянин пешниҳод кардааст, ки барои ба танзим даровардани ҷараёни муҳоҷират дар пойтахти Русия арзиши патент боло бурда шавад.

"Албатта, мо бояд ҳама корро анҷом диҳем то дар пойтахт раванди муҳоҷират ба танзим дарояд. Низоми патентро низ бо ҳамин далел созмон дода будем. Ҳоло муҳоҷирон ба буҷаи давлат аз ширкатҳои нафтӣ дида бештар маблағ месупоранд ва ин як манбаи дигари даромади кишвар мебошад. Ман фикр мекунам, имсол метавон арзиши патентро гаронтар кард, ",- гуфтааст Собянин ҳангоми ҳисоботи солона дар Маҷлиси шаҳрии Маскав.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар Санкт — Петербург арзиши патент гарон мешавад.

Гуфта мешавад, арзиши патент 500 рубл гаронтар хоҳад шуд ва 3 500 рублро ташкил хоҳад дод. Ҳамин тавр, дар як сол муҳоҷирон дар Петербург 42 ҳазор рубл андоз месупоранд.

Пештар равобити умумии шаҳрдории Маскав иттилоъ дода буд, ки Маркази муҳоҷиратӣ дар вебгоҳаш барои корбарони муҳоҷир сафҳаи шахсӣ роҳандозӣ шудааст.

Ин сафҳа имкон медиҳад, ки муҳоҷир ҷараёни омода шудани патент ё муҷаввизи кори худро онлайн ё бархатт пайгирӣ кунад.

Сафҳаи шахсӣ ҳамчунин имкон медиҳад, ки муҳоҷир дар ин сафҳа ҳазинаи муҷаввизашро пардохт кунад. Ҳамчунин корбар метавонад пешинаи пардохтҳои худро баррасӣ кунад ва паёмакҳоро хонда ва дар сурати иваз шудани рақами телефон онро аз сари нав таҷдид кунад.

Барчаспҳо:
патент, муҳоҷирон, Сергей Собянин, Москва, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ