00:07 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Намояндагони Сафорати ҶТ дар русия дар маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар Сахарова

Сафорати ҶТ дар Русия аз аҳволи муҳоҷирони депортшуда хабар гирифт

© Фото: Пресс-служба посольства Таджикистана в РФ
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
112 0 0

Намояндагони Ҳукумати ҶТ бо мудири Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ мулоқот карданд ва ба муҳоҷирони тоҷик маҳсулоту хӯрокворӣ тақсим карданд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Кормандони Сафорати ҶТ дар Русия ва Намояндагии вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар Сахарова рафтанд.

Дар рафти сафар намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо шароити нигаҳдории муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳ ошно шуда, бо мудири марказ Аликсей Лагодой мулоқот карданд.

"Дар рафти гуфтушунид бо мудири марказ масъалаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва интиқоли саривақтии онҳо ба Тоҷикистон баррасӣ шуд",- гуфта мешавад дар хабар.

Кормандони сафорат ҳамчунин бо ҳамватанонашон гуфтушунид карда, бо онҳо дар бораи қонунгузории Русия мулоқот анҷом доданд. Тоҷикони марказ хоҳишу дархостҳои худро ба намояндагони Ҳукумат пешниҳод карданд.

Пас аз ин кормандони Сафорати ҶТ дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик маҳсулоту хӯрокворӣ аз ҷумла меваҷоти ватаниро тақсим карданд. Илова бар ин, онҳо ба бархе аз тоҷикон, барои омода кардани ҳуҷҷатҳои лозима кӯмак расониданд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Маскав арзиши патент 7 дарсад гарон мешавад.

Барчаспҳо:
меваҷот, боздошт, мулоқот, муҳоҷирон, сафорати ҶТ дар Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ