00:10 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони бадахшониро ба осоишгоҳи Гармчашма бурданд

© Sputnik / Александр Кряжев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
57420

Хадамоти муҳоҷирати ВМКБ муҳоҷиронеро, ки вурудашон ба қаламрави Русия манъ шудааст, ба омӯзиш даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир дар осоишгоҳи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим барои ҷавононе, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба зодгоҳашон баргаштаанд, давраи омӯзишӣ баргузор кард.

Таи як ҳафта аз 25 октябр то 1 ноябр собиқ муҳоҷирон аз ноҳияҳои гуногуни вилояти мухтори Кӯҳитони бадахшон ба омӯзиш ҷалб шудаанд.

Дар ин бора мутахассиси шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати ВМКБ Фаррух Хушназаров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

"Аз ҳар ноҳияи ВМКБ дар ин семинар чаҳор нафарӣ муҳоҷирон омадаанд ва устодону кордонон ба онҳо тарзи ташкили созҳибкорӣ ва дигар малакаҳоро меомӯзонанд", — гуфт манбаъ.

Ба қавли Фаррух байни муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд, нафароне, ки муҳлати вурдашон ба Русия то 10-15 сол мамнӯъ аст. Ва аксари онҳо дар корхонаву сохтмонҳои Русия кор карда, касбҳои мухталифро аз худ кардаанд ва таҷрибаи кофӣ ҳам доранд.

Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир баъди ин ҳамоиш ҳамкориро бо собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ қатъ намекунад.

Баъди бозгашт ба зодгоҳашон ҳар яке аз онҳо мутобиқ ба шароити маҳал лоиҳаҳои хурд таҳия ва ба ташкилоти мазкур пешниҳод мекунанд. Баъди омӯзишу таҳлили ҳаматарафа лоиҳаҳои беҳтарин интихоб ва дар давоми шаш моҳ аз ҷиҳати моливӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Ҳоло ба Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир чанд лоиҳа вобаста ба тиҷорати хурд, истифодаи энергияи барқароршаванда ва бо истифода аз захираҳои дастраси табиӣ гарм намудани хонаҳо пешниҳод шудаанд. Баъди баррасӣ ва хулосаи мутахассисон ин лоиҳаҳо дар амал татбиқ мешаванд.

Мавзуъ

Вазорати кору муҳоҷират: ҷавоне, ки дар бозори Маскав лату кӯб шуда, зинда аст
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт
Ба пеш ба Русия: пешсафии Тоҷикистон дар муҳоҷират ба Русия
Беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд
Барчаспҳо:
давраи омӯзиш, кор, муҳоҷир, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ