00:09 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Фурӯшгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷиронро аз ошпазхонаҳои Новосибирск берун мекунанд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
31001

Шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳаққи пухту паз ва фурӯши ҳаргуна хӯрок дар дуконҳои сайёр маҳрум карда мешаванд, гуфта мешавад дар тарҳи қонун

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳукумати вилояти Новосибирск қасд дорад, қонунан пухту пазу фурӯши ҳаргуна хӯрокро барои муҳоҷирон мамнуъ кунад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.

Тарҳи чунин қонуне дар вебгоҳи равобити умумии "Электронная демократия Новосибирской области" (Демократияи электронии вилояти Новосибирск) мунташиршудааст.

Агар ин қонун тасвиб шавад, шуруъ аз соли 2018 шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳаққи омода кардану ва фурӯхтани хӯрок дар фурӯшгоҳҳо, марказҳои тиҷорат ва дуконҳои сайёр маҳрум мешавад.

Ҳукумати Новосибирск бо иқдомоти муҳоҷирситезонааш маъруф аст. Чунончи, соли 2016 дар ин минтақа муҳоҷиронро аз ҳаққи омӯзгорӣ, ронандагӣ, муррабигарӣ дар кӯдакистонҳо маҳрум карда буданд.

Намояндаи раисҷумҳур дар Утоқи бозаргониву саноеъи Русия Максим Фатеев гуфтааст, чунин маҳдудиятҳо барои таъмин кардани аҳолии маҳаллӣ аз кор ҷорӣ карда мешаванд.

Ин маҳдудиятҳо дар кулл камобеш 3 ҳазор кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Украина, Молдова ва Озарбойҷонро бекор хоҳанд кард.

Мавзуъ

“Москва” ба ашки муҳоҷирон бовар намекунад: нақли як савдогари бозори Люблино
Дар ҷустуҷӯи муҳоҷирон: оғози даври дуюми амалиёти "Нелегал 2017" дар ҶТ
Муҳоҷирон дар вилояти Суғд кор меҷӯянд
Барчаспҳо:
фурӯшу пухтани ғизо, қонун, маҳдудият, Новосибирск

Мавзӯъҳои асосӣ