00:10 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Пассажиры поезда Москва-Душанбе, отправляющегося с Казанского вокзала. Архивное фото

"Роҳи оҳани Тоҷикистон" мусофирони пиёдашуда дар Оқсаройро ройгон ба Душанбе мебарад

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Ширкати давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муваззаф шудааст мусофиронеро, ки дар истгоҳи "Оқсарой" аз қатор пиёда карда буданд, ройгон ба Душанбе бирасонад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ширкати давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҳама мусофиронеро, ки дар истгоҳи "Оқсарой" дар вилояти Астрахан мондаанд, ройгон ба Душанбе мерасонад, гуфт Анвар Латифзода, сухангӯи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон". 

Камобеш 150 муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки бо қатор аз Маскав ба Душанбе мерафтанд, як ҳафта боз дар он истгоҳ дар марзи Русияву Қазоқистон мондаанд. Ин мусофиронро ба далели шикастани қонуни муҳоҷирати Русия аз қатор пиёда карда буданд.   

"Мо муваззаф шудаем, ки ҳама муҳоҷиронеро, ки дар истгоҳи "Оқсарой" аз қатор пиёда кардаанд, ройгон ба Душанбе биарасонем. Ҳамин ки ҷаримаҳояшонро пардохт карданд, онҳоро бо аввалин қатор ба кишвар хоҳанд фиристод", — гуфт Латифзода.

Билет аз Оқсарой то Душанбе 5 — 6 ҳазор рубл арзиш дорад, ки на ҳар мусофире тавони пардохташро дорад. Сафорати Тоҷикистон ду рӯз пеш дар номае ба Вазорати умури хориҷии Русия аз вазъи мусофирон нигаронӣ карда буд.

Ҳамон рӯз гурӯҳе аз кормандони Сафорат, Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати кор ва намояндагони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба истгоҳи "Оқсарой" рафта буданд. Мусофироне, ки санади шиносоии расмӣ надоштанд, аз онҳо санад дарёфт карданд.

Қатори "Душанбе-Маскав-Душанбе" ҳафтае се бор мусофир мебарад ва аз Оқсарой то Душанбе дурӯза роҳ аст.

Мавзуъ

Ориф Файзуллоев: муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик аз ҳамватанон кумак мехоҳанд
Барчаспҳо:
Оқсарой, мусофир, муҳоҷир, Роҳи оҳани Тоҷикистон, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ