20:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Ҳал шуд: 75 муҳоҷири тоҷик ҷаримаро пардохт карданду ба Ватан фиристода шуданд

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Муҳоҷирони тоҷик, ки чанде пеш дар роҳи Маскав-Душанбе аз қатор берун карда шуданд, ахиран ба Тоҷикистон фиристода шуданд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Аксари муҳоҷироне, ки дар марзи Русияву Қазоқистон аз қатор берун ва боздошт шуда буданд, рӯзи ҷумъа ба Тоҷикистон фиристонида шуданд.

Дар ин бора намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Манбаъ қайд карда, ки 75 муҳоҷир ҷаримаро пардохт карда марзи Русияро убур карданд. Боз 10 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳоло дар истгоҳи "Аксарайская" мемонад. Вақте, ки ҷаримаашонро пардохт карданд ба Тоҷикистон равон хоҳанд шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар вилояти Астрахани Русия ба далели вайрон кардани қонунгизории Русия аз қатор берун карда шуда ва боздошт гардиданд.

Ҳангоми санҷиш муайян шуд, ки ҳуҷҷҷатҳои аксари муҳоҷирон қалбакӣ аст. Яъне аксари онҳо бо санади бозгашт (ҳуҷҷате, ки аз ҷониби намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои ба Ватан бозгаштани муҳоҷир ба мӯҳлати то 60 рӯз дода мешавад) мехостанд марзи Русияро убур кунанд.

Ин вазъиятро сафорати Тоҷикистон дар Русия таҳти назорати худ гирифт.

Ширкати давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муваззаф шудааст мусофиронеро, ки дар истгоҳи "Оқсарой" аз қатор пиёда карда буданд, ройгон ба Душанбе бирасонад.

Билет аз Оқсарой то Душанбе 5 — 6 ҳазор рубл арзиш дорад, ки на ҳар мусофире тавони пардохташро дорад. Сафорати Тоҷикистон ду рӯз пеш дар номае ба Вазорати умури хориҷии Русия аз вазъи мусофирон нигаронӣ карда буд.

Ҳамон рӯз гурӯҳе аз кормандони Сафорат, Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати кор ва намояндагони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба истгоҳи "Оқсарой" рафта буданд. Мусофироне, ки санади шиносоии расмӣ надоштанд, аз онҳо санад дарёфт карданд.

Қатори "Душанбе-Маскав-Душанбе" ҳафтае се бор мусофир мебарад ва аз Оқсарой то Душанбе дурӯза роҳ аст.

Мавзуъ

Муҳоҷир: дигар пуле барои хариди нону об надорем
Каме пул намерасад: муҳоҷир ба осебдидагон дар Дарвоз ёрӣ мерасонад
Сарсониҳои як муҳоҷир дар паи эъломи авф: “наздик буд ихроҷам мекарданд...”
Барчаспҳо:
бозгашт, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ