19:59 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ремонт в квартире, архивное фото

Додгоҳи Русия занеро аз шавҳари тоҷикаш ҷудо мекунад

© Sputnik Амир Исаев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
26010

Зане дар Воронеж муҳоҷири тоҷикеро аз барои таъмири ройгони манзил шавҳар кардааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Додситонии яке аз ноҳияҳои вилояти Воронеж аз додгоҳи ин вилоят дархост карда, ки издивоҷи дурӯғини шаҳрванди Русия ва муҳоҷири тоҷикистониро ботил кунад.

Ба иттилоъи Додситонии вилояти Воронеж, ин зан, ки дар ноҳияи Левобережний дар шаҳри Воронеж зиндагӣ мекардааст, дар соли 2015 бо як шаҳрванди Тоҷикистон қонуншиканона издивоҷ сабт карда то муҳоҷири тоҷик иҷозати иқомати муваққат дар Русияро ба даст оварад.

Муҳоҷири тоҷик ба подоши ин некӣ манзили "ҳамсараш"-ро ройгон таъмир кардааст.

Идораи Созмони федеролии муҳоҷирати Русия дар он вилоят дар соли 2016 ба шаҳрванди Тоҷикистон муҷаввизи иқомати муваққат дода будааст. Вале дертар ошкор шуда, ки ин зану шаҳвар ҳамроҳ зиндагӣ намекардаанд.

Додситонӣ гуфта, ки ин шавҳару ҳамсар ҳаргиз бо ҳам зиндагӣ накардаанд, равобити заношӯӣ ва хонадории муштарак надоштаанд ва намехостаанд хонавода ташкил кунанд.

Аз ин рӯ, онҳоро ба додгоҳ кашида ва аз он дархост карда, ки издивоҷашонро қонуншиканӣ дониста ҷудояшон кунад.     

Мавзуъ

Шурои уламо ба Абдуллоҳ: издивоҷ ба зани яҳудӣ ё масеҳӣ ҷоиз аст
Даъвати СММ аз ҶТ: издивоҷи мардони хориҷиро бо духтарони тоҷик иҷоза диҳед
Равоншинос: ишқ бе издивоҷ ва издивоҷ бидуни муҳаббат имконпазир аст
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад
Барчаспҳо:
издивоҷи тақаллубӣ, Додгоҳи вилояти Воронеж, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ