20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Свадебные кольца

Русия 10 вебгоҳеро мебандад, ки муҳоҷиронро "хонадор" мекарданд

© Sputnik / AlexTikhomirov
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Ин вебгоҳҳо аз шаҳрвандони хориҷӣ пул гирифта барояшон "ҳамсар" меёфтаанд то бо онҳо қонуншиканона "издивоҷ" карда шаҳрвандии Русияро осон дарёфт кунанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Додситонии Ҷумҳурии Бошқирдистон аз додгоҳ хоста 10 вебгоҳеро бибандад, ки барои муҳоҷирон "ҳамсарёбӣ" мекарданд.

Ин вебгоҳҳо аз шаҳрвандони хориҷӣ пул гирифта барояшон дар Русия "ҳамсар" меёфтаанд то бо онҳо қонуншиканона "издивоҷ" карда шаҳрвандии Русияро осон дарёфт кунанд.

Расонаҳои бошқирдӣ хабар медиҳанд, ки додгоҳ ин дархости додситониро пазируфта ва 10 вебгоҳро бастааст. Қарори додгоҳ дар ин бора ба Созмони федеролии бозрасии расонаҳои Русия фиристода хоҳад шуд.

Пештар хабар дода будем, ки додситонии яке аз ноҳияҳои вилояти Воронеж аз додгоҳи ин вилоят дархост карда, ки издивоҷи дурӯғини шаҳрванди Русия ва муҳоҷири тоҷикистониро ботил кунад.

Ба иттилоъи Додситонии вилояти Воронеж, ин зан, ки дар ноҳияи Левобережний дар шаҳри Воронеж зиндагӣ мекардааст, дар соли 2015 бо як шаҳрванди Тоҷикистон қонуншиканона издивоҷ сабт карда то муҳоҷири тоҷик иҷозати иқомати муваққат дар Русияро ба даст оварад.

Додситонӣ ошкор карда, ки ин шавҳару ҳамсар ҳаргиз бо ҳам зиндагӣ накардаанд, равобити заношӯӣ ва хонадории муштарак надоштаанд ва намехостаанд хонавода ташкил кунанд. Аз ин рӯ, онҳоро ба додгоҳ кашида ва аз он дархост карда, ки издивоҷашонро қонуншиканӣ дониста ҷудояшон кунад.

Мавзуъ

Шурои уламо ба Абдуллоҳ: издивоҷ ба зани яҳудӣ ё масеҳӣ ҷоиз аст
Даъвати СММ аз ҶТ: издивоҷи мардони хориҷиро бо духтарони тоҷик иҷоза диҳед
Равоншинос: ишқ бе издивоҷ ва издивоҷ бидуни муҳаббат имконпазир аст
Барчаспҳо:
издивоҷи қонуншиканона, ҳамсарёбӣ, Додситонии Ҷумҳурии Бошқирдистон, Русия-Бошқирдистон

Мавзӯъҳои асосӣ