05:27 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Каромат Шарипов. Архивное фото

Каромат Шариповро ба Тоҷикистон депорт карданд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
136204

Вакили Каромат Шарипов гуфтааст, додгоҳ даъвои ӯро рад кард. Пасон ӯро дар толори додгоҳ боздошт карданд ва огоҳинома доданд, ки ба Тоҷикистон ихроҷ мешавад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Расонаҳои Русия  хабар медиҳанд, ки роҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Гуфта мешавад, қарори вижаро додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав содир кадааст.

Пештар торномаи расмии худи Каромат Шарипов, "Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон" хабар дода буд, ки имрӯз соати 14:00 дар додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав шикояти Каромат Шарипов аз болои кормандони амнияти Русия баррасӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории русии  "Национальная служба новостей" гузориш медиҳад, ки имрӯз Каромат Шарипов дар бораи хориҷ шуданаш ба Тоҷикистон аз додгоҳи Любертси огоҳинома гирифт.

"Вакили Каромат Шарипов Алла Панкина хабар дод, ки имрӯз шикояти  Шарипов дар бораи ғайриқонунӣ гирифта гузарномаи русӣ баррасӣ шуд",- гуфта мешавад дар хабар.

Бино бар иттилои манбаъ, додгоҳ шикояти Шариповро қонеъ накарда,  ӯро дар толори суд боздошт кард ва пас аз чанде ба ӯ огоҳинома дод, ки ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Манбаъ меафзояд Каромат Шарипов шаҳрванди Русия аст ва ба гуфтаи худи ӯ, ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуд.

Барчаспҳо:
депорт, Каромат Шарипов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ