22:00 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Проверка документов у мигрантов. Архивное фото

Муҳоҷирони тоҷикро боз ҳам дар Оқсарой аз қатор пиёда карданд

© Sputnik / Марина Маковецкая
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
300 0 0

Нерӯҳои марзбонии Русия чанд тан аз муҳоҷирони тоҷикро дар гузаргоҳи "Оқсарой" дар марз бо Қазоқистон аз қатор пиёда карданд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба гузориши Идораи марзбонии Созмони федероли амнияти Русия дар Ҷумҳурии Қалмиқистон ва вилояти Астрахан, ду муҳоҷири тоҷик, ки бо қатор ба Тоҷикистон бар мегаштанд, дар посгоҳи марзии "Оқсарой" иҷоза наёфтаанд аз марз бигзаранд.

"Дар паи бозрасии марзии мусофирони қатори Маскав — Душанбе ду шаҳрванди хориҷие, ки чаҳор сафҳа аз гузарномаҳояшон (шиносномаҳои хориҷӣ) пораву канда шуда буд, аз қатор пиёда карда шуданд", — иттилоъ дод сухангӯи Идораи марзбонии ФСБ.

Вай гуфт, ки гузарномаҳое, ки сафҳаҳояшон пора ва ё канда шуда бошанд, эътиборашонро аз даст медиҳанд ва дорандагонашон ҳаққ нахоҳанд дошт аз марзҳои байналмилалии Русия бигзаранд.

Ин мусофирон дар гузаргоҳи марзии "Оқсарой" аз қатор пиёда карда шудаанд ва то санадҳои шиносоии расмӣ — гузарнома ё бозгаштнома (гувоҳиномаи бозгашт ба зодбум) дарёфт ва пешниҳод накунанд, сафарашонро идома нахоҳанд дод.

Ёдоварӣ мекунем, ки як моҳ пеш аз ин дар ҳамин гузаргоҳи марзӣ 151 мусофири қатори Маскав — Душанбе ба далели шикастани қонунгузории Русия пиёда карда шуда буданд. Додгоҳи вилояти Астрахан он ҳама муҳоҷирро ҷарима баст ва қонунан аз Русия ихроҷ кард.

Мавзуъ

"Роҳи оҳани Тоҷикистон" мусофирони пиёдашуда дар Оқсаройро ройгон ба Душанбе мебарад
Барчаспҳо:
Оқсарой, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ